| БЕҲТАРИН ДУХТУРОНИ ТИББИ ОИЛАВИИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД |
| Мақолаҳо - Зан ва ҷомеъа | |||
| 18.08.2011 16:41 | |||
Дар маросими мукофотсупорӣ Ҷеффри Лерер зикр намуд: «Мустаҳкам кардани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқ кардани тибби оилавӣ самтҳои афзалиятноке мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян кардааст. Ҳукумати ИМА нияти дастгирии ислоҳоти тандурустии Тоҷикистонро тавассути мустаҳкам кардани кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дорад». Давлатмамадова Шаҳло, ки ҳамчун «Беҳтарин духтури оилавӣ» эътироф гардид чунин қайд намуд: «Мо фахр мекунем, ки дастаи мо дастаи беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф шуд ва мо ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои ташкили озмуни мазкур сипосгузорем. Озмун ба мо имконияти санҷиши дониш ва малакаҳои худ, такмили тахассус ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморони худро дод».
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тибби оилавӣ озмунҳои байни кормандони тибби шаҳри Душанбе дар муддати панҷ сол барои санҷиши дониш ва малакаҳои мутахассисони тибби оилавӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани эътибори тибби оилавӣ ва ҷалби мутахассисони нав ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ сурат мегиранд. Дар озмуни мазкур тамоми духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз 14 марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби USAID амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст. “Рӯзгор”
|







