01:42:13 20-уми Октябри 2026 сол

Паёмбар (с) бар фарози кӯҳи Сафо

Баъд аз ин ки Паёмбар (с) аз ҷониби Абӯтолиб мутмаин шуд, ки ӯро танҳо нахоҳад гузошт ва дар тамоми мароҳил ёру ёвараш хоҳад буд, бар болои кӯҳе ба номи “Сафо” боло рафту фарёд баровард: “Ё сабоҳоҳ!” Дар он даврон ин калимаро вақте ба кор мебурданд, ки амри муҳим ба вуқуъ пайваста ва ё лашкаре ҳамла кардааст.

payghambar muhammad 455458714Он гоҳ ҳар як қабиларо бо ному русум садо зад: “Эй банӣ Фиҳр, эй банӣ Адӣ, эй банӣ Абдуманоф, эй банӣ Абдулмутталиб...”.

Ҳангоме ки Қурайш ин нидои Паёмбар (с)-ро шуниданд, ба сӯяш шитофтанд ва ҳатто касоне, ки наметавонистанд худашон ҳозир шаванд, намояндаеро аз ҷониби худ ба ин минтақа фиристоданд. Замоне ки ҳама омаданд, Паёмбар (с) фармуд:

“Агар ба шумо бигӯям, ки пушти ин домана лашкаре омадаст, то ба шумо ҳамла кунад, оё гуфтаи маро бовар мекунед?”. Ҳамаи онҳо гуфтанд: “Оре, собиқа надорад, ки мо аз ту сухани дурӯғе шунида бошем”. Паёмбар (с) фармуд: “Пас бохабар бошед, ки ман фиристодаи Худо ба сӯйи шумо ҳастам, бинобар ин аз ман пайравӣ ва фармонбурдорӣ намоед, то аз азоби сахте, ки дар пеши рӯ доред, наҷот пайдо кунед.

Баъд аз ин ки суханони Паёмбар (с) тамом шуд, мардум пароканда шуданд ва танҳо касе, ки бо Паёмбар (с) ба дуруштӣ бархӯрд кард, Абӯлаҳаб буд, ки ба Паёмбар(с) гуфт: “Ҳалокат бод туро, оё барои ин моро даъват кардӣ?”. Вақте ки Абӯлаҳаб ба Паёмбар (с) чунин густохӣ намуд, Худованд дар иртибот бо дурустии суханони Паёмбар (с) сураи “Таббат”-ро фиристод:

“Нобуд бод Абӯлаҳаб ва ҳатман нобуд мегардад”.

Аз он рӯз баъд Паёмбар (с) ва ёронаш ба таври ошкоро дар муқобили дидаи мушрикону бутпарастон ба ибодати Худованд мепардохтанд. Ба тадриҷ даъвати Паёмбар (с) дар миёни афроде, ки дар Макка зиндагӣ мекарданд, густариш пайдо кард ва рӯз ба рӯз теъдоди мусалмонон афзуда мешуд, иртиботи онҳо бо қавму қабилаашон тираву тор мегардид ва ин амр хашму ғазаби Қурайшро барангехт.

Бархӯрди мушрикон бо Расули Худо (с)

Бузургони Қурайш дар даврони даъвати пинҳонӣ бо Паёмбар (с) ба мухолифат напардохтанд. Иллати асосии мухолифат накардани онон ин буд, ки онҳо манфиатҳои иқтисодӣ ва шахсии худро дар хатар намедиданд. Аммо дар даврони даъвати ошкоро қазия баръакс сурат гирифт ва онон ба таври ошкоро бо Паёмбар (с) ба мухолифат пардохтанд. Ин ҳам ба ин хотир буд, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва шахсии худро дар хатар медиданд, зеро ки рӯз ба рӯз теъдоди пайравони Паёмбар (с) зиёд мешуд. Онон вақте чунин саҳнаро мушоҳида карданд, эҳсос карданд, ки қудрат ва шарафу мавқеъияти иқтисодию иҷтимоии гузаштаи худро аз даст додаанд. Бинобар ин, ба чунин фикр афтоданд, ки ин нуқсонро ҷуброн намоянд. Пас аз ба вуҷуд омадани чунин ҳаводисе буд, ки ба озору азийяти Паёмбар (с) шуруъ намуданд. Онон ба Паёмбар (с) нисбатҳои норавову зиштро медоданд. Аз ҷумла, Паёмбар (с)-ро бо лақабҳои “соҳир”, “ҷодугар”, “девона”, “коҳин” ва “шоир” мехонданд ва касонеро, ки барои ҳаҷ меомаданд, ононро аз рӯй овардан ба ин ойини ҷадид барҳазар медоштанд. Аз сӯйи дигар, Паёмбар (с) аз ҳар фурсате, ки даст медод, барои таблиғу инзори мардум ба сӯйи Худо истифода менамуд ва Абӯлаҳаб ҳар ҷо ки Паёмбар (с)-ро медид, мегуфт: “Ин мард аз дин баргашта ва дурӯғгӯ аст”. Аммо натиҷа ин шуд, ки касоне, ки ба Макка барои ҳаҷ омада буданд, аз даъвати Паёмбар (с) бо иттилои кофӣ бармегаштанд ва даъвати Паёмбар (с) дар тамоми сарзаминҳои араб густариш пайдо кард.

Куффори Қурайш назди Абӯтолиб мераванд

Куффори Қурайш вақте мушоҳида намуданд, ки даъвати Паёмбар (с) рӯз ба рӯз густариш пайдо менамояд ва Абӯтолиб низ яке аз афроде аст, ки бо тамоми ҷону мол аз Паёмбар (с) дифоъ менамояд ва худ дорои аслу насаби бузург буда, дар миёни Қурайш дорои эҳтиром ва манзалати хос аст, пас барои онон бисёр мушкил буд, ки ҳурмат ва ҳимояти ӯро бишкананд. Бинобар ин, ин амр онҳоро бисёр нигарон карда буд ва ба фикр афтоданд, ки ба беҳтарин ваҷҳ аз ин тангно берун биёянд. Онон пас аз баҳсу музокироти тӯлонӣ беҳтарин ва муносибтарин равишро дар ин диданд, ки бо бузурги Қурайш Абӯтолиб вориди гуфтугӯ шаванд, то битавонанд Паёмбар (с)-ро водор намоянд, то аз даъвати хеш даст бардорад.

Иддае назди Абӯтолиб рафтанд ва гуфтанд: “Эй Абӯтолиб, писари бародари шумо худоёни моро дашном медиҳад, аз дини мо айбҷӯӣ мекунад ва падарону некони моро гумроҳ мехонад, аз ҳимояти ӯ даст бардор, то мо худ ҷазои ӯро бидиҳем ва ё ин ки ҷилави ӯро бигир, то ба худоёни мо носазо нагӯяд”.

Абӯтолиб ононро қонеъ намуд ва онҳо бозгаштанд. Даъвати Паёмбар (с) ҳамчунон рӯз ба рӯз густариш меёфт ва онон вақте ки вазъиятро чунин диданд, дубора назди Абӯтолиб омаданду гуфтанд: “Аз шумо дархост кардем, ки дасти бародарзодаатонро аз сари мо бардоред, аммо шумо ҳеҷ эътиное ба дархости мо нанамудед. Акнун мо дигар тобу таҳаммул надорем, ки ба худоёнамон иҳонат кунад. Ё бояд дасташро аз сари мо кӯтоҳ кунед ё мо бар зидди ту ва бародарзодаат ба ҷанг хоҳем пардохт”. Ин амр бар Абӯтолиб гарон омад ва назди Паёмбар (с) рафту пешниҳоди Қурайшро ба ӯ матраҳ кард.

Паёмбар (с) фармуд: “Ба Худо савганд, агар хуршедро ба дасти ростам ва моҳро ба дасти чапам бигузоранд, то аз даъватам даст бикашам, нахоҳам пазирифт, то он ки Худои мутаъол даъватамро пирӯз гардонад ва ё ин ки дар роҳи даъватам бимирам”.

Вақте ки Қурайш диданд, ки Паёмбар (с) пайваста ва ба ҳолати хастагинопазир ба кораш идома медиҳад ва Абӯтолиб низ даст аз ҳимояти ӯ барнамедорад, тасмим гирифтанд, ки Аммора ибни Валид ибни Муғираро, ки зеботарин ҷавони Қурайш буд, назди ӯ бибаранд, то дар иваз Абӯтолиб низ Паёмбар (с)-ро дар ихтиёри онон қарор диҳад, то ӯро бикушанд. Абӯтолиб гуфт: “Мехоҳед писаратонро ба ман диҳед, то ба ҷойи шумо ӯро бузург кунам ва дар иваз фарзандамро ба шумо бидиҳам, то ӯро бикушед? На, ҳаргиз чунин коре намекунам”.

Шиканҷа ва озори ёрони Паёмбар (с)

Мушрикон танҳо ба озору азияти Паёмбар (с) иктифо накарданд, балки шуруъ ба озору азийяти ёрон ва асҳоби Паёмбар (с) низ намуданд. Бештарин озору азийят мутаваҷеҳи Билол буд. Билол ғуломи яке аз ашрофи Қурайш ба номи Умайя ибни Халаф буд. Умайя бар гардани Билол танобе баст ва он танобро ба дасти кӯдакон супорид, то онро ба ин тарафу он тараф бикашонанд. Билол гоҳе ба паҳлу ва гоҳе ба рӯй меафтод, аммо дар ҳама ҳол “Аҳад, Аҳад” мегуфт.

Умайя дар рӯзҳои гарми тобистон Билолро бар рӯйи регҳои доғ хобонид ва сангеро бар рӯйи шиками ӯ ниҳоду гуфт: “Ё бояд дар ҳамин ҳол бимонӣ, то бимирӣ ва ё ин ки ба Худои Муҳаммад куфр оварда, носазо гӯйӣ ва ба ду бути Лот ва Уззо имон оварӣ. Аммо Билол бо камоли шаҳомату шуҷоат мегуфт: “Худо яке аст, шарике надорад, ду бути Лот ва Уззо лаёқати инро надоранд, ки дар муқобили онон таъзим намуд”. Ин вазъ идома пайдо намуд, то ин ки Абубакри Сиддиқ (р) рӯзе Билолро аз Умайя хариду ӯро озод намуд ва аз он рӯз Билол муаззини Паёмбар (с) шуд.

Яке дигар аз ёрони Паёмбар (с), ки Қурайш ӯро мавриди озору азийят қарор медоданд, Хаббоб ибни Арат буд. Хаббоб ғуломи зане ба номи Умми Анмор буд. Хаббоб оҳангар буд, вақте ки Умми Анмор хабари мусулмон шудани Хаббобро шунид, аз курраи ӯ оҳани гудохта оварду бар пушташ ниҳод, ба гунае ки равғани бадани ӯ оҳани гудохтаро хомӯш менамуд, аммо рӯз ба рӯз имони Хаббоб афзуда мешуд.

Иҷтимоъ дар Дорун-надва

Вақте ки Қурайш ба ин натиҷа расиданд, ки озору азийяташон дар пешрафти даъвати Паёмбар (с) ҳеҷ гуна таъсире надошта ва ёронаш на танҳо аз имон даст намекашанд, балки рӯз ба рӯз имонашон муҳкаму қавитар мегардад ва бо вуҷуди ҳама монеаҳо ва мушкилоти эҷодшуда аз тарафи онҳо теъдодашон афзоиш меёбад, дар маҳалле ба номи “Дорун-надва”, ки маҳалли тасмимгириҳои муҳими Қурайш буд, ҷамъ шуданд, то бинанд бо Паёмбар (с) ва асҳобу ёронаш чӣ гуна рафтор намоянд ва дар мавриди онон чӣ тасмиме бигиранд.

Касе, ки маъмур шуд назди Паёмбар (с) биравад, то тасмимҳоеро, ки гирифта буданд, матраҳ созад Утба ибни Рабиъа буд. Утба назди Паёмбар (с) ба Масҷидул-ҳаром рафт ва Паёмбар (с) машғули хондани намоз буд. Ҳангоме ки намози Паёмбар (с) ба поён расид, Утба ба Пёмбар (с) гуфт: “Эй писари бародарам, қадру манзалати мо бар ту пӯшида нест, аммо ту ба василаи ин корат ақлҳоямонро паст шуморидӣ, ба Худоёнамон носазо гуфтӣ ва падарону некони моро гумроҳ хондӣ, ҳоло гӯш кун, ки чанд чиз бар ту арза мекунам, шояд баъзе аз онҳоро бипазирӣ”.

Паёмбар (с) фармуд: “Эй Абӯвалид, ман гӯш мекунам”.

Утба гуфт: “Эй писари бародарам, агар қасди ту аз таблиғу ойини ҷадид касбу даромади молу сарват аст, мо он қадар ба ту молу сарват медиҳем, ки сарватмандтарин фард гардӣ. Агар қасди ту подшоҳӣ аст, мо туро подшоҳи худамон мегардонем. Агар ҷинзада шудаӣ ва ҷин туро озору азийят медиҳад, мо пизишконро даъват мекунем ва амволи худро дар роҳи шифои ту масраф мекунем, то беҳбуд ёбӣ”.

Паёмбар (с) бо камоли хурсандӣ ва виқор ба суханони Утба гӯш фаро дод. Вақте ки суханони Утба тамом шуд, оятҳои 1 то 14-уми сураи “Саҷда”-ро бар ӯ тиловат намуд. Утба бо шунидани ин оятҳо ба ҳаққоният ва дурустии даъвати Паёмбар (с) пай бурд ва назди қавми худ рафту гуфт: “Эй гурӯҳи Қурайш, ба сухани ман гӯш фаро диҳед, ҷилави даъвати Паёмбар (с)-ро нагиред ва бигузоред, ки озодона корашро идома диҳад, чун ман сухане аз ӯ шунидам, ки хабар аз ояндаи аҷиб аст. Ин оятҳо дар бораи азамату қудрати Парвардигор ва натиҷаи аъмоли касоне аст, ки даъвату рисолати Паёмбар (с) ва ҳаққонияти рӯзи қиёматро инкор мекунанд”.

Қурайш дар ҷавоби Утба гуфтанд: “Муҳаммад туро ҷоду кардааст”.

Аз ин матлаб ба ин натиҷа мерасем, ки дар миёни ҳар қавму қабилае афроде ҳастанд, ки нидои ҳаққу ҳақиқатро дарк мекунанд ва ҳақиқат барои онҳо ошкору равшан мегардад, аммо афроде, ки худро бузурги ҷомеъа ва ё қабила қаламдод мекунанд, танҳо ба фикри манфиати моддӣ ва иқтисодии хеш мебошанд ва монеъ аз ин амр мегарданд, ки нидои ҳақиқат ба гӯши ҷаҳониён ва ташнагони ҳаққу ҳақиқат бирасад. Ба гунае ки дар ин моҷаро агар Абӯҷаҳл мегузошт, то Қурайш ба ҳарфҳои Утба гӯш диҳанд, ҳеҷ гуна ҷангу хунрезӣ дар миёни Қурайш иттифоқ намеафтод.

Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша

Муаллиф: Муҳаммад Алии Холидӣ, Ҷилди 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ