08:37:19 01-уми Сентябри 2026 сол

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон таҳри роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар ифтитоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм (World Water Week) иштирок намуд.

Ishtiroki muovini vazir dar iftito-i -aftai -a-onii obi Stok-olmТавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Саноӣ Бойзода аҳаммияти гузариш аз уҳдадориҳои глобалӣ дар соҳаи об ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуда, зарурати дар меҳвари рӯзномаи байналмилалӣ нигоҳ доштани масъалаҳои об ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтро муҳим арзёбӣ кард.

Таваҷҷуҳи махсус ба раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси он мебошад, зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, барои идомаи машваратҳои байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои эҳтимолии Конфронси соли 2028 ва шаклгирии мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии он заминаи муҳим фароҳам оварда шуд.

Муовини вазир ба иштирокчиён оид ба талошҳои Тоҷикистон ба хотири пешбурди лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, инчунин пешниҳоди баррасии Чаҳорчӯбаи оби Душанбе (Dushanbe Water Framework) ҳамчун яке аз натиҷаҳои эҳтимолии конфронс низ маълумот пешкаш намуд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 бояд ҳамчун раванди ягона ва пайвастаи глобалӣ баррасӣ гардида, ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас ва ташаккули рӯзномаи ояндаи ҷаҳонии об мусоидат намоянд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ