Фарҳанги Хуросони бузург ва ҷоизаи олим: Раҳматкарими Давлат сазовори мукофоти давлатӣ шуд
Бомдоди имрӯз Раҳматкарими Давлат директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ Ҷоизаи давлатии Бобоҷон Ғафуров дар бахши шарқшиносиро ба даст овард. Барои пажуҳишу таҳқиқ дар силсилосори марбут ба “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”.
Зери назари ӯ “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” дар ду ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуд, ки арзиши таърихӣ, таҳқиқӣ ва маърифатӣ дошта, хонандаро бо шахсиятҳои бузурги сарзамини ниёи мо ва кору паёкорашон ошно мекунад. На танҳо бо равиши маъмулии китобхонӣ, балки бо истифода аз рамзхонӣ ва вориди матолиби интернетӣ низ шудан. Дар як калом, ин асар муарифии бузургони Хуросонро аз саҳифаҳои китоб то паҳнои интернет фаро мегирад. Зимнан, ин барои бори нахуст аст, ки чунин ҷоизаи баланди давлатие чун Бобоҷон Ғафуров дар бахши шарқшиносӣ эъто мешавад. Аз ин ҳайс аҳамияти таърихӣ дорад.
Раҳматкарими Давлат журналисти номошоно ва таҳлилгари дақиқназар аст, ки як даҳа пеш аз дунёи расона ба олами илм рафт. Дар таҳқиқи бесобиқа масоили обӣ дар муносиботи Афғонистону Эронро аз даричаи манфиатҳои миллӣ ба пажуҳиш гирифту бо роҳнамоии доктор Қосимшо Искандаров дар сентябри 2019 рисолаи илмӣ дифоъ намуда, номзади илмҳои таърих шуд. Баъди унвонҷӯӣ дар вазифаҳои гуногун фаолият намуда, дар соли 2020 ба мудирияти Маркази мероси хаттӣ-муҳимтарин ниҳоди кишвар дар масъалаи ҳифзу нигаҳдошт, ҷамъоварӣ ва таҳқиқу пажуҳиши дастхатҳо расид.
Зери роҳбарии ӯ корҳои зиёде дар Марказ анҷом шуд, аз ҷумла 260 дастнавис, ки шомили нусхаҳои нодиру нафиси Шоҳномаи Фирдавсӣ, Гулистону Бустони шайх Саъдии Шерозӣ, девони Соҳиб, девони Туғрал ва дигар китобҳо мебошанд ҷамъоварӣ шуданд, ки такони наву тозае дар ғановати ганҷинаи дастахтҳои кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ҳамин давра 312 китоби чопи сангӣ, 300 ҳуҷҷату санадҳои муҳими таърихӣ ба шумули васиқаҳои молу мулк ва фармони таъин ба вазифаҳо, вориди маркази мероси хаттӣ шуд. Ганҷинаи дастахтҳо инчунин бо 100 асари хушнависӣ ғанӣ гардонида шуд. Бар илова, ҳудуди 2000 китоби сарчашма ва манбаи камёфт дастрас ва ба китобхонаи марказ илова гардид. Ин ҳама бар иловаи табдил додани Маркази мероси хаттӣ ба Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар соли 2024.
Бо мудирияти Раҳматкарими Давлат, дастхатҳои марказ аз маҳудудаи намоишҳои бинои Марказ берун рафта, дар октябри 2024 барои нахустин бор намоиши нусхаҳои нодири хаттӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба муносибати рӯзи дипломатия баргузор шуд. Инчунин дастхатҳои Тоҷикистон дар санаи 2025 ба муносибати 700 солагии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ дар маркази ЮНЕСКО дар Париж ба маъразаи тамошои Ҳофиздӯстони ҷаҳон гузошта шуданд. Қарор аст дар оянда низ ин таҷриба ба муносибати бузургдошти бузургони дигар низ такрор шавад.
Бо истифода аз фурсат Раҳматкарими Давлатро ба муносибати дарёфти ҷоизаи Ғафуров самимона табрику таҳният гуфта, барояш бахту иқболи бештар дар кору фаолияташ таманно дорам.
Саъдӣ Ворисов
















