09:09:18 02-уми Сентябри 2026 сол

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

787021976 1547021640801893 5868662452744670463 nДар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.

Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетиĸа, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди ҳамĸории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Авзоъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.

Табодули афкор, ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, сурат гирифт.

president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ