08:51:46 04-уми Сентябри 2026 сол

Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд

2 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи дуюми доимии Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030» қабул гардид.

abuli Barnomai kishvarii YUNISEF baroi To-ikistonБарномаи нав заминаи муҳимро барои идомаи ҳамкории ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошт, таҳсил, инчунин таъмини некӯаҳволии кӯдакону ҷавонон фароҳам меорад.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат барои ҳамкории пайваста ва дастгирии ЮНИСЕФ аз талошҳои миллӣ ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии кӯдакон изҳори сипос намуд.

Барномаи мазкур бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва самтҳои афзалиятноки соҳавии кишвар мутобиқ буда, ба масъалаҳои саломатии модару кӯдак, ғизо, инкишофи барвақтии кӯдакон, таҳсилоти фарогир ва босифат, рушди малакаҳои ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии кӯдак, фарогирии шахсони маъюб, инчунин дастгирии кӯдакони деҳот, минтақаҳои кӯҳистон ва дурдаст таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

«Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030» ба талошҳои мамлакат барои таъмини дастрасии ҳар кӯдак ба хизматрасониҳои асосӣ, ҳифз ва имконияти зарурӣ барои рушди ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Барнома ба таҳкими иқтидори миллӣ ва низомҳои мавҷуда, густариши фарогирӣ ва устуворӣ ва бартараф намудани нобаробариҳое, ки ба кӯдакону ҷавонон таъсир мерасонанд, замина фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ