08:53:56 04-уми Сентябри 2026 сол

«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ масъалаи татбиқи амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

QF5A2085Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода иброз намуд, ки дар шароити рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкории илмӣ ва таълимӣ ва тавсеаи робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ донистани забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори касбии омӯзгорон ва донишҷӯён ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ба масъалаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини татбиқи самараноки барномаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зарурати тақвияти тадбирҳо барои беҳтар намудани сатҳи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таъкид гардид.

Барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти дахлдор зарур мебошад. Бо ин мақсад аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаб карда шуд, ки маълумоти дақиқ оид ба сатҳи донистани забонҳои русиву англисии донишҷӯёну магистрантон, аспирантону докторантон ва кормандону омӯзгоронро пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон маълумоти пешниҳодшаванда бояд вазъи воқеии сатҳи донистани забонҳои мазкурро дар муассисаи таълимӣ инъикос намояд. Дар ин робита ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурати ҳамкории фаъол бо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷомеа, бахусус ҷавонон ва мутахассисони оянда яке аз самтҳои муҳимми рушди низоми таҳсилот ба ҳисоб рафта, дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ масъалаҳо оид ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи корҳо дар самти муайяну тақвият бахшидани сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ