Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
11 сентябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи прокурорҳои генералии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов мулоқот намуд.
Тавре аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва тақвияти шарикии стратегӣ байни мақомоти прокуратураи ду кишварро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи хос ба амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубодилаи иттилооти оперативӣ, истирдод, расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории байниидоравӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои такмили минбаъдаи механизмҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Туркманистон Бегмурат Муҳамедов мулоқот намуд.
Дар рафти сӯҳбат аз робитаҳои таърихӣ ва маънавии асрҳо, ки мардуми бародари ду кишварро муттаҳид месозанд, таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки тавассути талошҳои муштарак ва иродаи сиёсии Роҳбарони давлатҳо ба даст омадаанд, таъкид карданд.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории байни мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба барои мубориза бо чолишҳои муосир ва таъмини амниятро баррасӣ карданд.
АМИТ «Ховар»
















