23:25:16 16-уми Сентябри 2026 сол

Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд

16 сентябр дар шаҳри Маскат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.

photo 2026-09-16 15-51-48Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, ҳамчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкории дуҷониба, густариши табодули таҷриба ва донишҳои касбӣ, инчунин рушди робитаҳои судманд байни ниҳодҳои дахлдори ду мамлакатро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва мусоидат ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Умон ибрози омодагӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ