Душанбе ва Лондон: Муколамаи стратегӣ дар самти амнияти минтақавӣ
Рӯзи 28 сентябр Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ лорд Вернон Коаке мулоқот намуд.
Таҳлилгарони низомию сиёсӣ ин дидорро дар марҳалаи кунунии афзоиши таҳдидҳои глобалӣ барои таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ изҳори аҳаммият медонанд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва бартараф намудани омилҳои мусоидаткунандаи терроризму ифротгароӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ба таъкиди Юсуф Раҳмон, нақши фаъолу назарраси Душанбе дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ маҳз дар идомаи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало зоҳир мегардад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои калидии амнияти минтақавӣ, аз ҷумла тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, кибертерроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовару силоҳ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Нишасти мазкур бо изҳори омодагии комили ҷонибҳо барои тақвияти муколамаи стратегӣ ва амниятии Тоҷикистону Британияи Кабир ба анҷом расид.
“Рӯзгор”
















