Мулоқоти Шараф Шерализода бо Президенти Кантон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои молиявию технологӣ
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Намояндаи доимии кишвар дар назди Дафтари СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Президенти Ҳукумати Кантони Сюрих хонум Кармен Вокер Шпэ мулоқоти расмӣ анҷом дод.
Таҳлилгарони соҳаи иқтисод ин дидорро барои ҷалби таҷрибаи пешқадами аврупоӣ ба бахшҳои калидии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мекунанд. Бино ба иттилои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистонро бо ин маркази бузурги молиявии Швейтсария мавриди баррасии амиқ қарор доданд.
Дар ҷараёни музокирот, таваҷҷуҳи асосии сарони ҳайатҳо ба самтҳои стратегӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва молия, инноватсия ва технология, маориф ва рушди устувор нигаронида шуд. Коршиносон бар он боваранд, ки Кантони Сюрих ҳамчун яке аз меҳварҳои асосии молиявӣ ва технологӣ дар Аврупо, метавонад барои рушди бахши хусусӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон заминаҳои наву устувор фароҳам оварад.
“Рӯзгор”
















