Тоҷикистон ва Русия: Таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар доираи ИДМ ва СҲШ
Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии ин кишвар Александр Гутсан баргузор гардид.
Таҳлилгарони соҳаи ҳуқуқ ин дидорро қадаме стратегӣ дар масири таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои иттифоқии Душанбе ва Маскав арзёбӣ мекунанд. Дар фазои эътимод ва муколамаи созанда, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷонибаро, ки бар робитаҳои анъанавии дӯстӣ асос ёфтаанд, баррасӣ карданд. Меҳвари музокиротро масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, истирдоди ҷинояткорон ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои киберӣ ташкил дод.
Хусусан, дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқҳои қонунӣ, манфиатҳо ва кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Русия кору зиндагӣ менамоянд, дар канори механизмҳои вокуниши фаврӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муфассал баррасӣ шуданд. Натиҷаи муҳимтарини ин музокироти сатҳи баланд баимзорасонии Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия гардид, ки афзалиятҳои асосии кори якҷояи мақомотро дар оянда муайян хоҳад кард.
“Рӯзгор”
















