05:14:17 23-уми Октябри 2026 сол

НАХУСТИН ПИРӮЗИИ ҶАҲОН ҚУРБОНОВ

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Милани Итолиё дар даври муқаддамотӣ пирӯзӣ ба даст овард. 

Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 3-юми сентябр - Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг бар муштзани Словения Борут Слапник аз рӯи холҳо бо ҳисоби 12:0 ғалаба карда, ба даври дуввум роҳ ёфт. Муштзани дигари тоҷик Ҷаҳонгир Убайдуллоев низ дар вазни то 69 кг дар даври баъдӣ ширкат хоҳад кард, зеро рақибаш Бруно Бонконго (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) аз қувваозмоӣ даст кашид. Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки дар вазни то 54 кг бар Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, ғолиб шуд, дар даври дуввум 5-уми сентябр бо Чатчай Бутди (Тайланд) қувваозмоӣ хоҳад кард. Рӯзи чаҳоруми мусобиқа – 4-уми сентябр - Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг бо муштзани Того Тонде Сароуна қувва меозмояд. Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854