04:29:09 23-уми Октябри 2026 сол

МОДАР ДУХТАРИ ХУДРО БА ҶИНОЯТ ҶАЛБ КАРД

Аз прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров, прокурор, мушовири адлияи дараҷаи якум Ёқубҷон Рӯзиев, оид ба ҷиноятҳои содир кардаи Норинисо Усмонова хабар дод.

 

Тибқи маълумот ҷинояткор, ҳамчун нозир хазинадори оҷонсии бонки давлатии амонатгузории ҶТ ноҳияи мазкур зиёда аз 600 адад дафтарчаҳои нафақагириро бо мақсади аз худ намудани нафақаи шаҳрвандон дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ доштааст. Ӯ зиёда аз 67 ҳазор сомониро аз худ карда ба дафтарчаҳои нафақагирӣ имзои сохтакоронаи худро мондааст. Инчунин ӯ духтари худ Нигина Усмоноваро ба ин кор ҷалб кардааст. Ҳангоми тафтишот маълум шуд, ки гӯё нафақаи соли 2009 – ро пурра пардохт намудааст. Мувофиқи санади тартибдодаи мутахассисони бонки мазкур маълум гардид, ки то моҳи августи соли ҷорӣ нафақаи 711 нафар шаҳрвандонро ба маблағи 68 ҳазору 872 сомонӣ аз худ кардааст. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

 

Самад Юсуфӣ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854