04:29:17 23-уми Октябри 2026 сол

КУШТОР ДАР БУНГОҲИ МУБОДИЛАИ ПУЛ

Тавре аз дафтари матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 23 сентябр дар шаҳри Душанбе корманди бунгоҳи мубодилаи пул дар ҷои кораш кушта шуд. Ӯ Манучеҳр Мирзоеви 30-сола мебошад. Шахсони номаълум тақрибан соати 14.30 дақиқа ба назди М. Мирзоев даромада, ба ҷисми ӯ бо корд якчанд зарба заданд. М. Мирзоев дар роҳи шифохона дар дохили мошини кӯмаки таъҷилии тиббӣ вафот кард.

 

Ба қавли кормандони милиса воқеаи мазкур ба ғорати пул вобаста нест, зеро ҳамаи пулҳои кассаи бунгоҳро касе нагирифта буд. Куштори мазкур сабабҳои дигар дорад ва кормандони мақомоти дахлдор онҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, нисбати он тафтишот давом дорад.

 

Таҳмина Ғоибназарова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854