09:17:15 29-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СИРОҶИДДИН АБДУЛЛОЕВ: «ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ-3» ҲАНӮЗ ПОЁНИ ИН СИЛСИЛА НЕСТ»

Муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» дер боз интизори дар акаунти «Рӯзгор дар Youtube» пайдо шудани сабти видеоии таронаи «Ғарибӣ-3» ҳастанд. Инро ҳайати эҷодии сомона аз номаҳои бешумори электронии онҳо эҳсос мекунад. Инак он лаҳзаҳо фаро расиданд.

Наимчони Саидали Гариби 3Албоми навбати овозхони ҷавон, вале боистеъдоду сермухлис Наимҷони Сайдалӣ бо номи «Танҳоӣ» ба нашр расид, ки дар миёни сурудҳои он таронаи «Ғарибӣ-3» низ ҳаст. Чун анъана дар баробари нашри сабти видеоии ин тарона дар сомона инчунин мусоҳибаеро бо яке аз эҷодкорни ин суруд ба таваҷҷӯҳи шумо муштариёни гиромӣ пешкаш менамоем. Ин дафъа мо бо муаллифи матн ва коргардони видеоклипи ин тарона Сироҷиддини Абдуллоҳ мусоҳибаи телефоние анҷом додаем, ки мухтасари онро манзури шумо мегардонем.

Сироҷиддин Абдуллоҳ соли 1965 дар деҳаи Хирманаки дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Баъди фориғуттаҳсил шудан аз ин омӯзишгоҳ ҳашт сол дар театри халқии ноҳият Ҳисор аввал дар вазифаи ёрдамчии коргардон сипас саркоргардони ҳамон театр шуда кор мекунад. Дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ» мебошад.

-Ҳоло ҳам дар ҳамон театри Ҳисор кор мекунед?

-Не, ман ҳоло он ҷо кор намекунам. Соли 1995 театри ноҳияи Ҳисор, ки онҷо саркоргардон будам, дар озмуни ҷумҳуриявии «Ханда-95» ҷои аввалро соҳиб шуд. Соли 1998 устоди ҳаҷви тоҷик Убайдуллоҳ Раҷабов маро ба театри худ, театри «Оина», ба кор даъват кард. Рости гап, дар он ҷо ман чандон зиёд кор накардам. Бо даъвати баъзе аз дӯстонам, ки дар Русия кор мекарданд, ба он ҷо рафтам ва зиёда аз ду сол дар Русия мондам. Гурӯҳи эҷодиеро созмон додам ва дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бо барномаҳои консертӣ баромад мекардем. Қариб 20 шаҳри Русияро ин гурӯҳи мо гашт ва консерт дод. Баъд ба Тоҷикистон баргаштам.

- Баъди аз Русия баргаштан боз ба театри Ҳисор рафтед?

- Не, маро ба гурӯҳи «Лаҳзаҳои гуворо» ба кор даъват карданд. Чанд муддати кӯтоҳ бо акаи Холмуроду акаи Насриддин кор кардам. Бо Ҷамшеди Ҳалим бошад ман аз қабл шинос будам. Ҳатто дар тӯйҳо якҷо бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ мекардем. Хулоса шикояте надоштам. Ба ҷуз он ки бисёр мехостам як эҷодкорие шахсан дар бораи ҳаёти муҳоҷирини меҳнатӣ ва аҳли хонаводаи онҳо, ки дар Ватан ҳастанд, бикунам.

Дар чанд соле, ки дар Русия будам, ман зиндагии мардикоронро хеле хуб омӯхта будам. Медонистам, ки аксаран дар ғами хонаву Ватан ва зану фарзанд ҳастанд. Вале бархе зану фарзандро фаромӯш карда дар фикри маишат ва шиками хеш ҳастанд. Бисёр мехостам, ки тавассути шеъру суруд ана ба ҳамин гуна ашхос таъсир расонда ба ёди онҳо боз зану фарзанд. Ватану модаррро биёрам. То ки онҳо қарзи фарзандиву падари хешро фаромӯш накунанд.

-Ва ҳамин таронаи «Ғарибӣ-1»-ро эҷод кардед?

Гариби 3-Қабл аз таронаи «Ғарибӣ-1» ман дар ин мавзӯъ чанд шеъру суруд навиштам, ки баъзе аз овозхонҳои кишвар онҳоро хонданд. Азҷумла бо номи «Э вой ғарибӣ» як сурудеро аз номи як кӯдаки 12-14 сола навиштам, ки ба падараш муроҷиат карда ӯро аз муҳоҷирати меҳнатӣ бинбар бад будани вазъи зиндагонияшон ба Ватан даъват мекунад. Падараш чанд сол боз дар муҳоҷират бошад ҳам аз онҳо фаромӯш карда бо айшу нӯш машғул аст.

Модари ин бача бо бародари кӯчакаш азоби бепадариро мекашанд. Таронаро як бачаи боистеъдод бо номи Тоҳир Сафар мехонад. Нақши модари ӯро як зане бо номи Саъбагул офаридааст, ки аз ғам мушкилоти занҳои шавҳаронашон ба муҳоҷират рафта сахт огаҳ буд. Азоби ҳамин гуна занҳоро нағз медонист. Аз ин рӯ дар видеклип нақши худро хеле самимӣ бозидааст. Агарчи ин суруд болои муҳоҷирини меҳнатӣ таъсир карда бошад ҳам, вале дар ман фикре пайдо шуд, ки агар суруди навбатиро аз номи модар ва фарзанди дар муҳоҷират буда таҳия кунам, шояд таъсираш бештар бошад.

Одатан аз гапи зан дида гапи модар ба инсонҳо таъсири бештар мекунад. Бинобар ҳамин таронаи «Ғарибӣ-1»-ро дар шакли дуэти модару писар омода кардам. Дар ҳамон шабу рӯзҳо дар яке аз консертҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо Наимҷони Сайдалӣ ва падараш, ки худ низ ҳунарманди хуб аст, шинос шудам. Ҳамин сурудро ба онҳо пешниҳод кардам. Гуфтам, ки якҷоя бо Боғигул Саидова бихонанд, хуб мешавад. Вале пешниҳоди онҳо ин буд, ки тарона бо апаи Ҳанифа хонда шавад. Ман, ки сурудҳои апаи Ҳанифаро аз хурдсолӣ бо шавқ гӯш мекардам, даррав розӣ шудам.

-Воқеан дар таронаи «Ғарибӣ-3» садои бону Ҳанифа Қурбоноваро мо намешунавем. Умуман дуэт дар таронаи сеюм дуэти акаву хоҳар аст. Нақши модар бо ҳамин тамом шуд?

-Не, не. Апаи Ҳанифа дар сурудани таронаҳои дигари сериали «Ғарибӣ» ҳатман, иншоаллоҳ, дар нақши модар иштирок хоҳад кард. Фақат ман ҳоло аз ифшои баъзе сирҳои эҷодӣ каме худдорӣ мекунам.

-Агар посухи ин савол ҳам сирри эҷодӣ набошад, дар ин шабу рӯзҳо шумо боз ба кадом корҳои эҷодӣ машғул ҳастед?

-Дар ҳамин шабу рӯзҳо бо дубляжи ду серияи аввали як филми чаҳорсериягӣ бо номи «Тақдири шикаста» машғул ҳастам. Ду серияи аввали ин филмро пурра ба навор гирифтем. Имрӯзҳо бо дубляжи садоҳои ҳунармандони дар ин филм нақш офарида  машғул ҳастем. Мавзӯи ин филм ҳам муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

-Хуб, ба корҳоятон муваффақият орзу мекунем. Дар амони Худо бошед.

-Ташаккур, Худо ҳофиз.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi