05:22:17 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaabhr-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaaelection--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaanewspaperafo-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaamosque-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaabhr-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaabhr-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaaelection--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaanewspaperafo-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaamosque-2.jpg'

НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН

Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтааст, ки бо вуҷуди талоши давлат барои риъояти ҳуқуқи башар дар ин кишвар мушкилоти ҷиддие дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Дар гузориши солонаи ин ниҳод омадааст, ки давлати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар тадобири мушаххасеро иттихоз карда ва ба ибтикори раиси ҷумҳурӣ як маркази миллии қонунгузорӣ таъсис шудааст.

 

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ислоҳоти системи қазоию ҳуқуқӣ анҷом шуда ва қавонини ҷадиди ҷинойӣ тасвиб ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башар таъйин шудааст. Аз сӯйи дигар, Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон таъкид кардааст, дар ҳоле ки ин кишвар асноди аслии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башарро тасвиб карда ва дар мавриди иҷрои таъаҳҳудоти худ дар ин замина ба кумитаҳои СММ гузориши миллиро ироа кардааст, аммо ин аснод дар Тоҷикистон мунташир ва ба таври васеъ паҳн нашудаанд.

 

Интихобот ва риъояти ҳуқуқи башар

 Дар гузориш ба нақзи ҳуқуқи башар дар раванди омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли ҷорӣ таъкид шуда ва пардохти гаравпулӣ барои ширкати номзадҳо дар интихобот як навъ монеъ дар роҳи ширкати умумии номзадҳо дар интихобот талаққӣ гардидааст. Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) ин гаравпулӣ муъодили ҳафт ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 1,5 ҳазор дулори омрикоӣ буда ва дар сурати пирӯз шудани аҳзоб ё номзадҳои мустақил ин маблағ ба онҳо бозпас дода мешавад.

 

Дар ғайри ин сурат, номзадҳои шикастхӯрда аз маболиғи худ маҳрум мешаванд. Зимнан, ин муқаррароти КМИҲ аз сӯйи аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ интиқод ва он навъе маҳдуд сохтани ширкти номзадҳо дар интихоботи порлумонӣ унвон шуда буд. Афзун бар ин, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ин муқарраротро муғойир бо Қонуни Асосӣ хонда ва таъкид дошт, ки гаравпулии зиёд ҳуқуқи бештари сокинони Тоҷикистонро, ки дар фақр ба сар мебаранд, барои ширкат дар интихобот нақз мекунад.

 

Ҳамчунин, дар гузориши Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон вақти истифодаи ройгони аҳзоб ва номзадҳои мустақил аз нашрияҳо ва радию ва телевизиюни давлатӣ нокофӣ арзёбӣ шудааст. Сафорати Омрико низ зимни як баёния дар ҳафтаи ҷорӣ аз наҳваи пӯшиши корзори интихоботӣ аз сӯйи расонаҳои давлатӣ, бахусус шабакаҳои телевизиюн, интиқод карда ва гуфтааст, ки шабакаҳои телевизиюн аз пахши мубоҳисоти интихоботӣ худдорӣ кардаанд.

 

Дар баёнияи сафорат омадааст, вақти сӯҳбати номзадҳо дар телевизиюн маҳдуд буда, имконияти матраҳ сохтани мушкилот ва интиқод аз сиёсати давлат вуҷуд надоштааст. Дар гузориши Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз пазируфта нашудани пешниҳодҳои созмонҳои муҳоҷирони корӣ, ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияҳои занҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар мавриди афзоиши адади ҳавзаҳои интихоботӣ ва бештар шудани теъдоди намояндагони порлумон аз ҷониби давлати Тоҷикистон ибрози таассуф шудааст.

 

Афзоиши мавориди шиканҷа

 Дар гузориш аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Вазорати кишвари Тоҷикистон, интиқод шудааст, ки маъмурони он барои дарёфти эътирофи ҷурми боздоштшудагон ба ҳангоми бозпурсӣ аз шиканҷа истифода мекунанд. Давлати Тоҷикистон дар соли гузашта 67 тан аз кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро барои "рафтори ғайриқонунӣ" ба додгоҳ кашидааст, аммо маълум нест аз ин ҷумла чанд нафар барои даст доштан дар шиканҷа ё бадрафторӣ нисбат ба боздоштиён муҷозот шудаанд.

 

Бино ба гузориши Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, мавориди шиканҷа умдатан дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо сурат мегирад. Вале созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар имкони боздид аз зиндонҳо ва боздоштгоҳҳоро надоранд. То ҳол миёни давлати Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар мавриди додани иҷоза ба ин ниҳод барои дидор аз зиндону боздоштгоҳҳо мувофиқатномае имзо нашудааст.

 

Ин дар ҳолест, ки тибқи ин гузориш, шароити беҳдоштии зиндонҳои Тоҷикистон бад ва теъдоди зиндониён аз меъёри муқаррар зиёд буда, беморӣ ва гуруснагӣ аз мушкилоти аслии зиндонҳо маҳсуб мешавад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854