22:34:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рустами Ҷонӣ аз радиои "Имрӯз" рафт

Рустами Ҷонӣ аз радиои "Имрӯз" рафтааст, вале зоҳиран дар рӯзномаи "Имрӯз-Нюс" мемонад. Баъд аз 7 соли кор дар радиои "Имрӯз", Рустам Ҷониев, мудири ин радиои маҳбуби тоҷикизабон дар кишвар аз мақомаш барканор шудааст. Рустам Ҷониев сабаби рафтанаш аз ин мақом ва ё сабукдӯш шуданашро то кунун шарҳ надодааст, аммо ҳамкоронаш дар радиои “Имрӯз” ба мо гуфтанд, ки Худоёри Валӣ, мудири собиқи Радиои Душанберо ҳамчун раҳбари нави онҳо муаррифӣ кардаанд.

rustami-joni 5441112Радиои “Имрӯз”, ки дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанду Хоруғҳам барнома пахш мекунад, садҳо ҳазор шунаванда дорад ва аз инъикоси мавзӯъҳои доғи ҷомеа парҳез намекунад. Маълум нест, баъд аз омадани Худоёри Валӣ, то чӣҳад мӯҳтавои барномаҳои Радиои Имрӯз тағйир мекунад.

Рустами Ҷонӣ, то кунун раиси гурӯҳи “Ориёно Медиа”, буд, ки онро мутааллиқи Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбонк ва додарзани Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Аммо бар асоси аснод Рустами Ҷонӣ, яке аз соҳибони “Ориёно Медиа” будааст. Рустами Ҷонӣ айни замон, сардабирии рӯзномаи “Имрӯз-Нюс"-ро бар ӯҳда дорад, ки ягона рӯзномаест, ки ҳар рӯз нашр мешавад, ҳарчанд теъдоди нашраш зиёд нест.

Рӯзномаи мазкур дар гузашта бо Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматзода, раиси собиқи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва яке хешовандони раиси ҷумҳур баҳси додгоҳӣ дошт ва додгоҳи Душанбе ба рӯзномаи "Имрӯз-Нюс" амр дод, ки барои паст задани шаъну эътибори Рустам Ҳукумов ба ӯ 10 ҳазор доллар ҷуброн бипардозад.  Рустам Ҳукумов соли 2008 дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд ва баъд аз раҳоӣӯро дар рӯзномаи "Имрӯз Нюс" дарди сари падар хонда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi