23:42:27 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Оғози корҳои навсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.

000015.jpgМаблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара» 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор доллар қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигар бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ мебошад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии “Чайна рейлвей групп корпорейшн” мебошад. Роҳ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноияш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад.

Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст. Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон итилоъ доданд, ки дар баробари таъмиру барқарорсозӣ, ҳамзамон роҳ дар қитъаҳои аҳолинишин чароғон карда мешавад.

Дар рафти корҳо 80 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳсозон ба корҳои босифат ҳидоят карда, таъкид намуд, ки дар рафти таҷдиду барқарорсозии роҳ ва дигар тадбирҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ин роҳ бояд солҳои тулонӣ хизмат кунад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi