БОЗДОШТИ ЯК "ТЕРРОРИСТИ" ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН
Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар додааст, ки рӯзи якшанбеи 30 май се табаъаи хориҷиро ба занни даст доштан дар фаъолиятҳои терруристӣ дар шаҳри Кобул боздошт кардааст. Хабаргузории Афғон Исламик Пресс дар истинод ба манобеъи ин вазоратхона овардааст, ки афроди боздоштшуда шаҳрандони Русия, Тоҷикистон ва Покистон будаанд. Бар асоси иттилоъи ин манбаъ Илёс Каримов, яке аз ин афрод, шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Пулиси Афғонистон мегӯяд ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо Хаёл Муҳаммад ва Наил Кадеев, шаҳрвандони Покистон ва Русия, дар урдӯгоҳҳои теруристӣ дар минтақаи Вазиристони Шимолии Покистон омӯзиш дидаанд. Дар баёнияи вазорати умури дохилаи Афғонистон омадааст, ки “Толибони покистонӣ ва ӯзбак ин афродро ба ноҳияи Багроми устони Парвон барои анҷоми ҳамалоти терруристӣ эъзом кардаанд.”
Ба гуфтаи пулиси Афғонистон, ҳар се шаҳрванди хориҷии боздоштшуда ба гуноҳони худ иқрор кардаанд. Дар ҳоле ки пулиси Афғонистон ҳамвора бар ин таъкид кардааст, ки дар миёни толибони афғон дар ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд, аммо худи Толибон пайваста вуҷуди афроди хориҷӣ дар миёни худро рад кардаанд.
Нерӯҳои низомии Афғонистон мегӯянд, ки қаблан ҳам аъзои хориҷии Толибон дар манотиқи мухталифи ин кишварро боздошт кардаанд. Хабари боздошти як тоҷик дар Афғонистон, ки таъйид мекунад дар Вазиристони Шимолӣ омӯзиши низомӣ дидааст, дар ҳоле мунташир мешавад, ки моҳе қабл вазири корҳои дохилаи Покистон ба хабарнигорони тоҷик вуҷуди тоҷикҳо дар миёни Толибон дар Вазиристонро таъйид карда буд.
Раҳмон Малик дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷики худ пуртукули ҳамкорӣ “дар бораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ, терурисм, ифротгароии динӣ, қочоқи осори ҳунарӣ ва мероси фарҳангӣ, аслиҳа ва маводди тарканда”-ро ба имзо расонд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки ин санади ҳамкорӣ табодули маълумот дар бораи афроди “мавриди ҷустуҷӯ дар ду кишварро, ки аз ҷазо паноҳ мебаранд ё нопадид шудаанд”, миёни ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон ва Покистон ба танзим медарорад. Миёни ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ва Афғонистон низ чунин тавофуқоти ҳамкорӣ имзо шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2402---qq---.html