09:31:05 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВИКИЛИКС БОЗ ҲАМ ФОШГӮӢ МЕКУНАД

Торнамои Викиликс дар соли нави милодӣ беш аз як миллион санади дигарро мунташир мекунад. Ҷулиан Ассанж, мудири торнамои Викиликс мегӯяд, ин сайт дар соли 2013 беш аз як миллион санади дигарро мунташир хоҳад кард.

/images/stories/2012/12/21_asanj-211212.jpgБинобар гузориши Ройтерз, ин суханонро Ҷулиан Ассанж рӯзи панҷшанбе дар маҳали иқомати худ дар сафорати Эквадор дар Лондон эълон кард ва гуфт, асноди ҷадид дар бораи бисёре аз кишварҳо хоҳад буд. Ҷулиан Ассанж бо интиқод аз дар зиндон будани бархе аз рӯзноманигорон дар ҷаҳон, вазъияти худро бо вуҷуди маҳдуд будани озодиаш, қобили қабул хонд.

Ассанж ки таҳти таъқиби пулиси Бритониё қарор дорад, ҳамакнун дар сафорати Эквадор, ки ба вай паноҳандагӣ додааст, ба сар мебарад. Эквадор ҳанӯз дар моҳи август эълон карда буд, ки ин кишвар ба Ҷулиан Ассанж, муассиси торнамои Викиликс паноҳгоҳ медиҳад,

Рикардо Патино, вазири умури хориҷии Эквадор бо баршумурдани аҳдномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон гуфт, ҳукумати кишвараш аз ҳукуматҳои Бритониё, Шветсия ва Амрико посухҳои қонеъкунандае нагирифт, ки Ҷулиан Ассанж муҳокимаи одилона хоҳад шуд ва ё барои муҳокима ба кишвари саввум истирдод нахоҳад шуд.

Бритониё мехост, Ҷулиан Ассанжро, ки ба озору азияти ҷинсии ду зан дар Шветсия муттаҳам мешавад ба он кишвар истирдод кунад. Торнамои ифшогари Викиликс, ки дар бораи кишварҳои зиёде асноди мухталифро нашр кардааст, дар авохири соли 2010 ва авоили соли 2011 чанд санадро дар бораи Тоҷикистон низ нашр карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi