00:00:14 03-уми Июни 2025 сол

Кашфи 80 килугром маводди мухаддир дар қатори Душанбе - Маскав

Кормандони интизомӣ ва амниятии Русия дар махфигоҳи яке аз вогунҳои қатори хатсайри Душанбе - Маскав 80 килугром маводди мухаддир дарёфт ва мусодира карданд.

Хабаргузории Интерфакс рӯзи 16-уми май гузориш дода, ки кормандони интизомӣ ва амниятии Русия рӯзи 15 май дар истгоҳи роҳи оҳани Оқсарой Привулжескии ин кишвар ба ҳангоми ҷустуҷуй дар яке аз вогунҳои қатори рақами 319, дар хатсайри Душанбе - Москав махфигоҳе ошкор ва аз он чиҳил бутали плостикии ду литрӣ ва панҷ бутали 1.5 литрии ҳомили маводди монанд ба ҳеруин дар ҳаҷми 80 килугром дарёфт ва мусодира карданд.

Пулис дар робита ба ин ҳодиса ду роҳбалади қатори Душанбе - Маскавро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт кардааст. Бино ба гузориши Интерфакс дар ин бора Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазири Русия ба хабаргузориҳои кишвар иттилоъ додааст. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ аз мавориди зиёди кашф ва мусодираи маводди мухаддир дар қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон матолибе мунташир мекунанд.

Ғайр аз ин моҳе қабл Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир ва Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорати истеъмолии Русия дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Аштархони Русия аз қатори мусофирбари “Душанбе-Маскав” дидан карда аз вазъи беҳдории қатори “Душанбе-Маскав” шадидан интиқод карда ва хоҳони қатъи ҳаракати ин қатор ба Русия шуда буданд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854