ФЕҲРАСТИ ВАКИЛОНИ ПОРЛУМОНИ 2010-2015
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо эъломи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонӣ феҳрасти вакилони панҷ соли ояндаи Маҷлиси намояндагони кишварро низ овардааст. Хабаргузории давлатии «Ховар» бо такя ба КМИР навиштааст, аз 22 курсии феҳрасти ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 16-тояш ба ҲХДТ, 2-тоӣ ба ҲНИТ ва ҲКТ ва 1-тоӣ ба ҲАТ ва ҲИИТ тааллуқ хоҳанд дошт. Аз феҳрасти ягонаи умумиҷумҳуриявӣ афроди зер вакил интихоб шудаанд:
Исм | Соли таваллуд | Ҳизб | Ҷойи кори қаблӣ |
Амиршо Миралиев | 1946 | ҲХДТ | Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур |
Акрамшо Фелалиев | 1958 | ҲХДТ | Раиси Кумитаи дар Маҷлиси намояндагон |
Хайриниссо Юсуфӣ | 1964 | ҲХДТ | Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила |
Зиёратшо Саъдулло | 1955 | ҲХДТ | Раиси ноҳияи Нуробод |
Муҳаммадшариф Ҳақдодов | 1959 | ҲХДТ | Муовини вазири энержӣ ва саноат |
Ҳусейн Алиев | 1962 | ҲХДТ | Муовини мудири шӯъба дар дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур |
Хадича Ҳакимова | 1963 | ҲХДТ | Вакили Маҷлиси намояндагон |
Саиди Ёқубзод | 1961 | ҲХДТ | Вазири мелиоратсия ва захираҳои обӣ |
Низом Қосим | 1958 | ҲХДТ | Директори «Баҳористон» |
Мунаввар Кенҷаева | 1955 | ҲХДТ | Раиси Додгоҳи иқтисодии Суғд |
Бибидавлат Афзалшоева | 1960 | ҲХДТ | Муовини раиси вилояти Бадахшон |
Ҷумъабой Сангинов | 1952 | ҲХДТ | Вакили Маҷлиси намояндагон |
Махфират Хидирова | 1973 | ҲХДТ | Вакили Маҷлиси намояндагон |
Бег Қурбонов | 1961 | ҲХДТ | Раиси ноҳияи Балҷувон |
Талбак Салимов | 1960 | ҲХДТ | Декани факулта дар Донишгоҳи техникӣ |
Гулнора Ҳасанова | 1966 | ҲХДТ | Муовини аввали раиси «Амонатбонк» |
Муҳиддин Кабирӣ | 1965 | ҲНИТ | Раиси ҲНИТ, вакили Маҷлиси намояндагон |
Сайидумар Ҳусайнӣ | 1961 | ҲНИТ | Муовини аввали раиси ҲНИТ |
Шодӣ Шабдолов | 1943 | ҲКТ | Раиси ҲКТ, вакили Маҷлиси намояндагон |
Исмоил Талбаков | 1955 | ҲКТ | Муовини раиси ҲКТ, Вакили Маҷлиси намояндагон |
Маҳмадшариф Нозимов | 1955 | ҲИИТ | Муовини аввали раиси ҲИИТ, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ |
Амир Қароқулов | 1942 | ҲАТ | Раиси ҲАТ |
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>