09:38:40 17-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_islamicpartyemblem2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_islamicpartyemblem2147'

ҲНИТ: “ЗИРАКӢ ВА ДУРАНДЕШИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД”

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо пахшия баёнияе аз ҷонибдорони худ тақозо кардааст, ки зиракӣ ва дурандеширо аз даст надиҳанд. Дар ин баёния, ки рӯзи сешанбеи 21 сентябр мунташир шуд, аз вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст.

 

Ба эътиқоди раҳбарияти ин ҳизб, “нерӯҳое дар дохил ва хориҷ аз кишварба ташаннуҷи увзоъ дар Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд. ҲНИТ бо ишора ба ҷанги дохилии Тоҷикистон, навиштааст, ки ҳама медонад, ки сабаби аслии он ҷанги таҳмилӣ ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба якдигар бо таҳқиру тавҳин ва хушунат муносибат кардан буд. Маҳз якдигарро гуш карда натавонистани нерўҳо ва ақлҳои созандаву муътадил боис гашт, ки дигарон вориди саҳна гарданд”.

 

Муаллифони баёния афзудаанд, ки “ҳар касе даст ба ҳуқуқпоймолкунии шаҳрвандон, таҳдид ва таъқибу фишор, инчунин куштор ва таркиш мезанад, агарчӣ аз номи давлату миллат ё дину мазҳаб амал кунад хам, ҷуз чиноят ва амали зишт коре накардааст”.

 

Ба эътиқоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ, хушунат танҳо хушунатро ба бор меоварад, таҳқир танҳо таҳкирро эҷод мекунад ва таҳдид танҳо таҳдидро меафзояд. Онҳо афзудаанд, ки ҳоло нерӯҳои душман қасддоранд миллати тоҷикро дубора ба вартаи парокандагӣ ва нооромиҳо афкананд.

 

Дар ин баёния зикр шудааст, ки ин нерӯҳо то ҷое ба аҳдофи худ аллакай расидаанд. “Ахиран руҳия ва фазои носолими моломол аз хушунат, таҳқир ва адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст”.

 

Ба эътиқоди раҳбарони ҲНИТ, барои ҳалли н мушкил бояд дубора фарҳанги муколама ва гуфтугӯро роҳандозӣ кард. “Ҳаргоҳ ки муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳарҷо ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад”.

 

Дар ин баёния ҳамчунин аз мавориди исломситезӣ дар ҷаҳони муосир ишора шудааст. Дар матни ин баёния омадааст, ки “ҳолатхои суистифода аз дин ва созмонхои расмии кишвар аз тарафи баъзеҳо низ ба чашм мерасад, ки ҳадафмандона ин созмонхоро пушише барои амалҳои худ қарор медиҳанд. Чо доштани чунин ҳолатҳои алоҳида метавонад аз тарафи доирахои ғаразнок хамчун дастак ё «далел» алайҳи дин, созмонҳо ва шахсиятҳо истифода шавад”.

 

Раҳбарони ҲНИТ ба "масъулон" пешниҳод кардаанд, ки “дар муносибат ва гуфтори худ бо мардум аз зиёдаравӣ ва тундгуйи худдорӣ намоянд ва ноогохона эътиқоду арзишҳои мардумро таҳқир ва зери суол қарор надиханд. Зеро, чунин рафтори номуносиб айни хостаи доираҳои норозӣ аз сулҳу ваҳдати миллии мо мебошад, ки онро ҳамчун далел барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ истифода хоҳанд намуд”.

 

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ахиран дар бораи суханронии вазири маъорифи Тоҷикистон дар маросими ифтитотҳи литсеи назди Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон матолиби интиқодӣ мунташир кардаанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, вазири маъорифи Тоҷикистон занҳо ва духтарони ҳиҷобпӯши ҳозир дар ин маросимро аз литсей берун хоста ва дар бораи либоспӯшии онҳо ҳарфҳое ноҷоиз гуфтааст.

 

Баёнияи ҲНИТ, танҳо ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки ба эътиқоди соҳибназарон дар чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон равишҳои исломситезӣ рӯй ба афзоиш аст. Аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз омӯзиши маҳзабии ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ва пӯшиши либоси мазҳабӣ аз сӯйи занони тоҷик шадидан интиқод кард.

 

Далели дигар ин аст, ки як моҳ қабл 25 нафар зиндоние, ки давлат онҳоро терурист меномад, фирор карданд. Дар ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пули дар Хуҷанд давлат Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро муттаҳам кард. Ахиран, давлат гурӯҳҳои "Мулло Абдуллоҳ" ва "Алӣ Бедак" ду тан аз мухолифони собиқро, ки дар гузашта онҳоро "мухолифони исолмӣ" низ мехонаданд, дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар дараи Камароб муттаҳам кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3176-2010-09-21-12-34-28.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ