06:19:56 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 17

 

Султони Ҳамад

Ҷумъабой Ниёзов, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон:

jumaboy_niyozovДар ин ду рӯзе, ки дар ин ҷо мулоқот доштем, нисбат ба он музокироте, ки тӯлонӣ буданд, чандрӯза мегузаштанд қаблан, бисёр масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд. Дар ин музокироти дурӯза бисёр натиҷаҳои хуб ба даст омаданд. Иншоаллоҳ, агар ин созишномаҳое, ки дар ин ҷо ба имзо расиданд дар амал татбиқ шаванд, дар Тоҷикистони кулфатзадаи мо оромӣ муҳайё мешавад. Мо умедворем, ки ин масъалаҳо дар музокироти Маскав тасдиқи худро меёбанд ва дар ояндаи наздик мо шоҳиди тинҷиву осоиштагӣ дар Тоҷикистон мешавем.

Отахон Латифӣ, Раиси Маркази Ҳамоҳангсозии Нирӯҳои Демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ

Бобоҷон Шафеъ: Шумо дар ҳамаи давраҳои музокирот дар омода сохтани ҳуҷҷатҳо саҳм доштед ва метавонед бигӯед, ки коре, ки имрӯз анҷом пазируфт, аз қабл чӣ тафовут дошт?

Отахон Латифӣ: Ба ҳар як қуллае қадам ба қадам мерасанд. То имрӯз аз гуфтушуниде, ки аз баҳори соли 1994 шурӯъ шуда буд, қадам ба қадам ба инҷо расидем. Аз як тараф бо роҳи гуфтушунид, бо роҳи сиёсӣ, аз тарафи дигар муборизаи муҷоҳиддин, ки мақсад аз он фишор ба ҳукумат буда то масъалаҳои ҳалталабро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад. Имрӯз он марҳилае омад, ки режими Душанбе мефаҳмад, ки роҳи дигари ҳалли мушкилоти Тоҷикистон нест. Хулоса се сол ҳаст, ки явош-явош омадем ба ду роҳ: ба роҳи гуфтушунид ва ба роҳи низомӣ.

Оппозисиюн эълон дошт, ки маҷбуранд ҷанг кунанд, на барои он ки бо ҷанг қудратро бигиранд, балки барои фишор, ки режими Душанберо маҷбур кунад, ки ба гуфтушунид ва ҳалли сиёсии масъалаҳо. Бинед, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ якум бор нест, ки вомехӯранд. Бинед, ки ду сол пеш дар Кобул вохӯрда буданд, соли гузашта дар Теҳрон вохӯрда буданд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар он ҷо имзо шуд ва омода шуд, ки дар Маскав ба имзо расад, аз ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз дар ин ҷо ба имзо расиданд, масалан Протокол, фарқ мекунанд.

Барои ҳамин тарафайн ва бисёртар албатта ҳукумати феълии Душанбе фаҳмид, ки роҳи бидуни гуфтушунид, бидуни ҳаллӣ сиёсӣ, бидуни тақсими қудрат вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон дигар наметавонад, ки як минтақа, як вилоят ба тамоми ҷумҳурӣ ҳукмронӣ кунад, фикру ақидаи худашро ба сари мардум бор кунад.

Мо дар 70 сол одат кардем, ки тақсимоти вазифаҳои олирутба як ҳисоби тарозуӣ дошта бошад. Мардум ба ин одат карда буданд. Агар муншии аввал аз Хуҷанд бошад, бояд ки Раиси Шӯрои вазирон аз дигар ҷо, Раиси Шӯрои Олӣ аз дигар ҷо бошад. Имрӯз мардум он чизеро, ки аз як минтақа бо зӯри силоҳ ҳукмрон шудааст, қабул надорад. Бояд ки мо адолатро барқарор кунем.

Бобоҷони Шафеъ: Дар Протоколе, ки имрӯз имзо шуд, дар бораи тақсими қудрати сиёсиву иҷроӣ оё ишороти равшантаре шудааст?

khudoyberdi_kholiknazarovОтахон Латифӣ: На, онҷо омадааст, ки гӯё Комиссияи Мусолиҳаи Миллӣ таъсис мешавад. Ҳуҷҷат дар Маскав ба имзо мерасад. Ҳукумат ба талаби мо, ки роҳбари ин Комиссиюн намояндаи мо бошад билохира розӣ шуд. Дар даври гуфтушуниде, ки пас аз 7 рӯзи вохӯрӣ дар ин ҷо дар Маскав баргузор мешавад, бояд ки намояндаҳои тарафайн ваколат ва вазифаҳои ин Комиссиюнро муайян кунанд. Чанд нафар дар он бояд бошад, киҳо бояд бошанд.

Албатта дар ин байн масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо хеле душвор ҳаст. Масалан Комиссия бояд дар куҷо фаъолият кунад? Амнияташро кӣ бояд ба ӯҳда гирад? Тарафҳо бояд роҳҳоеро ҷустуҷӯ кунанд, ки ҳамаро қонеъ созанд. Аввалин қадам бо ҳамин Протокол гузошта шуд. Масалан дар ҳамин Протокол омадааст, ки дар Ҷиргатол пости муштарак таъсис дода шавад. Мумкин кор ба ҳамин тарз идома ёбад. Ҳамин хел гурӯҳҳои муштарак дар оянда пайдо шаванд.

Очиахмат Чикунов, котиби вазорати умури хориҷаи Русия

Мо ба мақсади фаҳмидани мавқеъҳои мухолифини тоҷик моҳи июли ҳамин сол ҳамроҳ бо намояндаи Президент Ельцин Михайлин бо ҷаноби Нурӣ дар ҳамин Афғонистон мулоқот доштем. Инак мулоқоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин ҷо сурат мегирад. Мо ин мулоқотро як қадами воқеӣ дар роҳи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон медонем. Ин як гоми бузурге буд, ки дар арафаи мулоқоти Маскав бардошта шуд. Ин талошҳо хоҳанд тавонист, ки ба даргириҳо дар Тоҷикистон хотима бахшида ба сарзамини қадимаи тоҷикон сулҳ биоваранд.

Худойберди Холиқназарзода, муъовини ҲДТ

Бобоҷони Шафеъ: Мулоқоти имрӯз аз нигоҳи Шумо аз кадом ҷиҳат мусбат ва муфид буд?

Худойбердӣ Холиқназарзода: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Фикр мекунам, ки муҳимтарин ҷанбае имрӯз дар мавридаш бояд сӯҳбат кард, воқеан ду тараф инъитофпазирии хубе нишон доданд барои зудтар расидан ба сулҳи ниҳоӣ, ки тамоми миллати тоҷик ба он эҳтиёҷи шадид дорад. Як қадами бисёр муассире гузоштанд ва иншоаллоҳ уммедвор ҳастем, ки ба зудтарин фурсат ба ватани ба фалокаткашидаи мо ҳарчи зудтар сулҳи сартосарӣ меояд.

Ин гом як пешрафти хубе, дар мадди аввал омодагии хубе барои имзои Созишнома дар Маскав буд. Ва ҳамчунин як Протокол ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, ки хунрезиҳои зиёде дар Тоҷикистон давом доранд, бояд билохира ин хунрезиҳо қатъ ёбанд ва яъне нирӯҳои низомии тарафҳо бояд дар мавзеъҳои худ бошанд ва билохира оташбас сурат бигирад, ки дар оянда як ҳайати салоҳиятдоре, масалан аз ду тараф биравад ва дар минтақаҳои даргир масоиле, ки дар Протокол матраҳ шуд, онро дар амал татбиқ намояд.

Бобоҷони Шафеъ: Метавонанд мулоқотҳое, ки 19-уми декабр дар Маскав сурат мегиранд, гоми бузургтаре дар таърихи гуфтушунидҳои Тоҷикистон бошанд?

Худойбердӣ Холиқназарзода: Фикр мекунам, ки бале. Тарҳи Созишномаеро, ки дар ин ҷо омода кардем ва он бояд дар Маскав ба имзо расад, он як гоми бузурге ба пеш аст. Тибқи ин Созишнома Шӯрои Мусолиҳаи Миллӣ таъсис мегардад. Роҳбари Шӯрои Мусолиҳаи миллӣ намояндаи ИНОТ хоҳад буд.

Максим Пешков, мудири Шӯъбаи Осиёи Миёнаи ВКХ Русия

Коре, ки имрӯз анҷом шуд, ҳуҷҷате, ки имрӯз ба имзо расид, қадами воқеӣ ва таърихӣ барои сулҳу оромӣ буд. Акнун аз ҳама асосӣ иҷрои ин тавофуқаст. Он чи ки аз мулоқоти Маскав интизор ҳастем, он аст, ки ин тавофуқи мукаммалшуда, қадамҳои устувортаре барои ҳалли бӯҳрони ҷорӣ бардошта хоҳад шуд. Қадаме, ки ба мусолиҳаи воқеии миллӣ расонад.

Давлат Усмон, муовини раҳбари ИНОТ ва сардори СМ АНИТ

Бобоҷон Шафеъ: Як бахши муҳимтарине, ки дар тавофуқномаи имрӯза ҳосил шуд, ин як Комиссияе созмон дода шавад, ки дар минтақаи Ғарму Қаротегин ва умуман дар тамоми Тоҷикистон ба даргириҳо хотима бахшад ва Шумо раиси ин Комиссиюн ҳастед. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

davlat-usmonДавлати Усмон: Аслан онро комиссиюн гуфта наметавонем. Ин як ҳайате ҳаст, ки аз тарафи НИТ ва ИНОТ таъсис шудааст. Ва ин ҳайат ҳайати низомиву сиёсӣ номида мешавад. Мо бояд бо қумандонҳои саҳроии худамон мулоқот кунем ва ба онҳо натоиҷ ва ҳадафҳои мусолиҳаеро, ки мо дар назар дорем дар Маскав байни устод Нурӣ ва Раҳмонов ба имзо бирасад, бифаҳмонем.

Ва барои як сулҳи воқеӣ мо бояд заминаро мусоид бисозем. Барои татбиқ кардани он чизе, ки дар Протоколи имрӯза омадааст: қатъи даргириҳо, боз кардани роҳҳо ва ғайринизомӣ кардани марокизи ноҳияҳо кӯшишҳо ба харҷ бидиҳем. Ин ҳайат ҳамин Протоколро татбиқ мекунад.

Бобоҷони Шафеъ: Созишномае, ки имрӯз ҳосил шуд, аз ҷониби Русия то кадом андоза пазируфта хоҳад шуд?

Давлати Усмон: Барои мо мавқеи Русия нисбати ин тавофуқномае, ки имрӯз ҳосил шудааст, ҳанӯз норӯшан аст. Вале тавофуқи аслӣ бояд дар Маскав сурат бигирад. Ва фикр мекунам Русия, ки бо як бӯҳрони иқтисодӣ-сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳаст, бояд аз ин ки дар Чечен тавофуқи хеле хубе анҷом шуд ва феълан дар он ҷо даргириҳо хотима ёфтанд, фикр мекунам, ки Маскав низ дар ин замина хушбин бошад.

Бобоҷони Шафеъ: Кӣ Комиссияи Мусолиҳаи Миллиро роҳбарӣ мекунад?

Давлати Усмон: Кӣ ба ин вазифа пешбарӣ мешавад ин ба салоҳияти устод Нурӣ дохил мешавад. Тавофуқот бар сари таъсиси як Комиссияи Мусолиҳаи Миллӣ, ки имрӯз ҳосил шудааст, як пешрафти бузурге дар раванди сулҳи тоҷикон аст.

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 16



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi