06:35:03 09-уми Августи 2026 сол

Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад

Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии «Амина» барои ҳама категорияҳои шаҳрвандони хориҷие, ки вурудашон ба Федератсияи Русия бе раводид амалӣ мегардад, ҳатмӣ мешавад.

Amina2026Барномаи мобилии «Амина» то ин вақт дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти он асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.

Аз 1 сентябри соли 2026 ин барнома ҳамчун ягона воситаи бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ (шаҳрвандони Тоҷикистон) истифода шуда, доираи истифодабарандагони он васеъ мегардад.

Аз ҷумла тавассути ин барнома минбаъд шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд, метавонанд ҷойи зисташонро ба қайд гиранд.

Ҳамзамон шаҳрвандони ноболиғ тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон метавонанд ба мутахассисони намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;

–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;

–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;

–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;

–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

АМИТ «Ховар» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ