12:04:25 23-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ 56 НАФАР БА ҶУРМИ "ИФРОТГАРОӢ"

Додгоҳи олии То ҷ икистон 56 нафарро ба ҷурми ифротгаро ӣ ва узвият дар гур ӯҳ и мазҳабии ғайрирасм ӣ ба зиндон ва пардохти ҷарима маҳкум кард. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ин додгоҳ, аксари ин афрод тибқи моддаи 307 қонуни кайфарии Тоҷикистон, ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ифротгаро муҷозот шудаанд. Фаррух Малахов, сухангӯйи ин додгоҳ, гуфт, ки қозии парванда 23 нафар аз аъзои ин гурӯҳро аз се то шаш сол равонаи зиндон кард.

 

Оқои Малахов афзуд: “Додгоҳ 33 нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳро маҳкум ба пардохти ҷарима кард ва даст доштани ҳамаи онҳоро дар ҷурмашон таъйид кард.”

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон ин афродро пайрави " Ҷ амоъати таблиғ" хондааст. Бештари афроди маҳкумшуда дар моҳи апрели соли 2009 дар яке аз масо ҷ иди шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд. Муҳокимаи ин афрод дар аввали моҳи декабри соли 2009 оғоз шуда ва дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе анҷом шудааст.

 

Эътирози маҳкумшудагон

Тавре ки Зафар Қурбонов, вакили мудофеъи Ҷамшед Ивазов, яке аз маҳкумшудагон, ба Би-би-сӣ гуфт, аз ин 56 нафар дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ шаш вакили мудофеъ ҳимоят мекарданд.

 

Вале оқои Қурбонов афзуд, ки бештари маҳкумшудагон аз гирифтани вакили мудофеъ барои ҳимоят аз худ даст кашидаанд. Зеро, ба гуфтаи вай, онҳо бо ишора ба "ғайримунсифона" будани аксари муҳокимаҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон натиҷаи ҳукмашонро "аз қабл" медонистанд.

 

Оқои Қурбонов мегӯяд: "Ҳарчанд мо бегуноҳ будани бархе аз ҷавононеро, ки бори аввал барои намозгузорӣ ба масҷид омада буданд ва дар он ҷо боздошт шуданд, собит кардем, аммо аз ин 56 нафар ҳеҷ кас сафед нашуд. Ҳамчунин, ҳуқуқдонҳои Русия ба дархости мо дар мавриди чи гуна созмон будани "Ҷамоъати таблиғ " посух доданд, ки дар фаъолияти пайравони он ҳеҷ гуна тундравӣ ва ифротгароӣ мушоҳида нашуда ва ин гурӯҳ дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ дар ҷаҳон қарор надоштааст."

 

Оқои Қурбонов мегӯяд, ки ҳамаи афроди маҳкумшуда ба мунсифона будани ҳукми додгоҳҳо дар Тоҷикистон ва ба қозиҳо эътимод надоранд ва аз ин рӯ аз бурдани шикоят ба додгоҳи истинофӣ даст кашидаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки аз миёни 56 нафар аз маҳкумшудагон, ағлабашонро ҷавонони зери синни 30 сол ташкил медиҳанд. Давлати Тоҷикистон дар соли 2006 фаъолияти пайравони гуруҳи "Ҷамоъати таблиғ"-ро бо баҳонаи "тундравӣ ва ифротгароӣ" мамнуъ эълом кард.

 

Тайи як соли ахир шумори зиёде аз пайравони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Мақомот аз боздошти гстардаи пайравони гурӯҳҳои дигар, монанди Салафия, Ҳизбуттаҳрир ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон низ дар гузашта хабар додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1903--56-qq.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ