16:17:50 28-уми Июни 2025 сол

ШИРКАТИ "СОБИР" ТУНЕЛИ "ИСТИҚЛОЛ"-РО ТАРК КАРД

Умури сохтмонӣ дар тунели “Истқлол” аз ширкати “Собир” ба ширкати “Сангоб”-и Эрон таҳвил шудааст. Ин тасмим дар пайи таъхир дар анҷоми ин тарҳ гирифта шуда ва гуфта мешавад, ки ҳазинаи сохтмони ин тунел ду маротиба бештар аз маблағи аввалияро ташкил додааст. Як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 30 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран дар ин замина санаде бо давлати Тоҷикистон имзо шудааст.

 

Ин манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, афзуд, ки аз ин ба баъд ширкати “Сангоб”, ки ҳоло машғули сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар ҷануби Тоҷикистон аст, анҷоми умури сохтмонӣ дар тунели “Истиқлол”-ро ба дӯш гирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло раванди таҳвили ин тарҳ ба ширкати “Сангоб” идома дорад, вале қарор аст куллияи умури сохтмонӣ то 4-5 моҳи оянда анҷом шавад.

 

Тунели “Истиқлол” дар масири Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст ва иртиботи заминӣ миёни манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистонро дар тӯли сол таъмин мекунад. Расми ифтитоҳи ин тунел бо ширкати руасои ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон дар соли 2005 баргузор шуд, ҳарчанд он замон умури сохтмонӣ анҷом наёфта буд. Қарор буд ширкати “Собир”-и Эрон дар зудтарин фурсат таҷҳизоти тасфияи ҳаво ва системи рӯшноӣ дар ин тунелро насб кунад.

 

Вале резиши оби зиёд дар дохили тунел ва мушкилоти дигар боъиси ба дарозо кашидани мӯҳлати анҷоми ин тарҳ шудааст. Матбуъоти Тоҷикистон дар ин замина матолиби зиёди интиқодӣ мунташир карда ва хостори анҷоми сареъи ин тарҳ шудаанд.

 

Ба гуфтаи манбаъи сафорати Эрон, матбуъоти Тоҷикистон сохтмони тунели “Истиқлол” ва “Шар-Шар”-ро, ки аз сӯйи як ширкати чинӣ дар тӯли се сол мавриди истифода қарор гирифт, муқоиса мекунанд, ки “ин як навъ беинсофӣ аст”. Шароити сохтмони ин ду тунел аз ҳамдигар ба сурати куллӣ тафовут доранд. Ба гуфтаи манбаъи сафорати Эрон, иртифоъи макони ин ду тарҳ бакуллӣ фарқ дошта, шароити иқлимӣ низ комилан мутафовит аст.

 

Ин манбаъ афзуд: “Коршиносони мо дар маҳалли сохтмони тунели “Истиқлол” манотиқеро ошкор карданд, ки мизони ташаъшӯъ дар он ҷо се-чаҳор маротиба бештар аз меъёр аст. Ба ин далел, ҳатто бархе аз мақомҳои тоҷик аз боздиди маҳалли “Истиқлол” ҳарос доранд”.

 

Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки тӯли чанд соли ахир аз ин тунел миқдори зиёде лавозими ҷангӣ, назири тонкҳову зиреҳпӯшҳо, убур карда ва фарши ин тунелро хароб сохтаанд. Ҳамчунин, фаъолияти ширкати “Чайна Роуд”, ки машғули бозсозии ҷоддаи Душанбе-Чаноқ аст, низ дар заминаи иҷрои тарҳи “Истиқлол” мушкилоти фаровоне эҷод кардааст.

 

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ин манбаъи сафорати Эрон, давлати ин кишвар мутолеъаи байналмилалии тарҳи “Истиқлол”-ро анҷом додааст. Тибқи натоиҷи он, ҳазинаи расмии сохтмони ин тунел ду маротиба камтар аз махориҷи воқеъӣ арзёбӣ шудааст.

 

Ба ин далел, ширкати “Собир” дар иҷрои ин тарҳ бо зиёни молӣ рӯбарӯ шуда ва имкони идомаи иҷрои онро надоштааст. Вале ширкати “Сангоб”, ки ҳоло машғули сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аст, баръакс, теъдоди зарурии мутахассисинро дар ихтиёр дошта ва метавонад умури сохтмонии боқимонда дар тунели “Истиқлол”-ро сареъан анҷом диҳад.

 

Манбаъи сафорати Эрон хабар дод, ки барои анҷоми умури сохтмонӣ дар ин тунел дар кишварҳои урупоӣ таҷҳизоти мудерни тасфияи ҳаво ва системи рӯшноӣ харидорӣ шудааст. Қарор аст он аз тариқи ҳавопаймо ё аз роҳи заминӣ тавассути қаламрави Афғонистон базудӣ вориди Тоҷикистон шавад.

 

Гуфта мешавад дар сурати интиқоли ин мавод аз тариқи роҳи оҳан, эҳтимоли таъхир дар тронзити онҳо дар қаламрави Ӯзбакистон вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, тасмим шудааст, ки умури сохтмонӣ дар тунели “Истиқлол” то моҳи ноябр комилан анҷом хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2580--qq--qq---.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ