17:43:17 26-уми Июни 2025 сол

ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА АРТИШ ШУРӮЪ МЕШАВАД

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи оғози мавсими тоза барои мураххас кардани сарбозоне, ки муҳлати хидматро тамом кардаанд ва ҷалби ҷавонон ба артиш фармоне содир кард. Бар асоси ин фармон, сарбозоне, ки муҳлати хидмати ҳатмиро дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нерӯҳои марзбонӣ, горди миллӣ, ниҳодҳои вобаста ба кумитаи авзоъи фавқулъода, вазорати дохилӣ ва вазорати адлия анҷом додаанд, дар моҳҳои май ва апрел мураххас хоҳанд шуд.

 

Тӯли ин ду моҳ афроди дигар, яъне навҷавононе, ки тоза ба синни 18 расидаанд ва шаҳрвандони бузургтаре, ки "ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд", ба хидмати ҳатмии сарбозӣ фаро хонда мешаванд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазорати дифоъ ва раисони кумисиюнҳои даъват дар вилоёт ва шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба хусусиёти вижаи хидмат дар ниҳодҳои марзбонӣ, горди миллӣ ва воҳидҳои вижа, якҷо бо мақомоти амниятӣ ва пулис "даъватшавандаҳоро" барои хидмат дар ин ниҳодҳо ба таври дақиқ интихоб кунанд.

 

Дар фармони оқои Раҳмон ҳамчунин зикр шудааст, ки бар асоси қонун ҷалби навҷавонон ба хидмати сарбозӣ "ба уҳдаи раиси шаҳр ё ноҳия аст." Ҳамчунин, вазорати фарҳанг, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кумитаи телевизиюн ва родию, муваззаф шудаанд, ки хидмати низомиро ба унвони "вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд" таблиғу ташвиқ кунанд.

 

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳам муваззаф шудааст, ки барои муъоянаи тиббии навҷавононе, ки аз ноҳияҳои марказӣ ба хидмат даъват мешаванд, пизишкони мутахассисро аз муассисоти беҳдоштии шаҳри Душанбе ба фаъолият гуморад.

 

Ҳамакнун рӯшан нест, ки чи теъдоде аз ҷавонон ба артиш дар соли ҷорӣ даъват хоҳанд шуд. Вале гузоришҳо ҳокист, ки ҳамасола дар мавсими даъват ба хидмати сарбозӣ бисёре аз ҷавонон барои дарёфти кор ва ё ба хотири надоштани алоқа ба хидмати сарбозӣ Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк мекунанд.

 

Дар гузашта аз мавориди зиёди боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш гузориш шуда, вале манобеъи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд дар солҳои ахир ҷавонони бештаре ба таври довталабона ба хидмат мераванд.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз сарбозони собиқ, вазъияти беҳдоштӣ ва тағзияи сарбозон дар артиши Тоҷикистон чандон ризоятбахш набуда ва афзун бар ин, тозасарбозон ҳамвора мавриди латӯ кӯби сарбозони бузургтар қарор мегиранд.

 

Дар гузашта аз мавориди мухталифи кушта шудани сарбозони ҷавон дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон гузориш шудааст, вале мақомоти низомӣ аз ибрози назар ва ё додани иттилоъоти дақиқе дар ин бора ба хабарнигорон ҳамвора худдорӣ кардаанд.

 

Мавзӯъи дигари мавриди нигаронии бисёриҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар танҳо "фарзандони камбағалон" хидмат мекунанд - яъне афроде, ки пули кофӣ барои ворид шудан ба донишгоҳҳо ва муассисоти дигари омӯзиши олӣ ва ё барои сафар ба Русия надоранд.

 

Афзун бар ин, бисёре аз мардум бар ин боваранд, ки мансабдорон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла "порадиҳӣ ва ошнобозӣ" аз эъзоми фарзандон ва ё пайвандони худ ба хидмати сарбозӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

 

Дар таҳаввули дигар гузориш шуда, ки дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маъмурони ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба занни даст доштан дар фасод кумиссориёи низомии ин ноҳия ва як пизишки бемористони минтақаиро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад ин афрод аз падари як ҷавони воҷиди хидмати аскарӣ, ки бемор буда хостаанд барои озод кардани фарзандаш аз хидмати сарбозӣ беш аз 1000 доллар ришва бидиҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1895-2010-03-09-16-36-02.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ