| ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ: НАТОИҶИ НӮҲ РӮЗИ МУСОБИҚОТ |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 20.06.2010 18:18 | |||
|
Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ рӯзҳои 18-ум ва 19-уми июн шаш бозӣ баргузор шуд. Ғайриинтизор дастаи мунтахаби Олмон дар сабқати гурӯҳи D аз тими миллии Сербия бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.
18-уми июн боз ду бозии дигар дар гурӯҳи С баргузор шуда, бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт: Словения – ИМА – 2:2 ( голҳо: В. Бирса, дақиқаи 13-ум ва З. Любиянкич, дақиқаи 42-юм, ҳарду – Словения, Л. Доновин, дақиқаи 48-ум ва М. Брэдли, дақиқаи 82-юм – ҳарду ИМА), Инглистон – Алҷазоир – 0:0.
Дирӯз, 19-уми июн, дастаҳои гурӯҳи Е қувваозмоӣ карданд. Ҳолланд бар Ҷопон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Уэсли Снайдер дар дақиқаи 53-юм ба самар расонд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ Дания бар Камерун бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳоро Это’О, бозигари Камерун, дар дақиқаи 10-ум, Н.Бендтнер (дақиқаи 33-юм) ва Д. Роммедал (дақиқаи 61-ум), ҳарду аз Дания заданд. Бозии Гана ва Австралия дар гурӯҳи D бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Бретт Холмен, бозигари Австралия, дар дақиқаи 11-ум ҳисобро боз кард. Даъди 14 дақиқа А. Гян, футболбози Гана, аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд.
Ба ин тартиб дар 9 рӯзи мусобиқот дар 8 гурӯҳ 26 бозӣ баргузор шудааст:
Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0, ҶАҶ – Уругвай – 0:3, Фаронса – Мексика – 0:2. Уругвай – 4 (2 бозӣ). Мексика – 4 (2). Фаронса – 1 (2).ҶАҶ – 1 имтиёз (2).
Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0, Аргентина – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1, Юнон – Нигерия – 2:1.
Аргентина – 6 (2). Кореяи Ҷанубӣ - 3 (2). Юнон -3 (2). Нигерия – 0 (2). Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1, Словения – ИМА – 2:2, Инглистон – Алҷазоир – 0:0.
Словения – 4 (2). ИМА – 2 (2). Инглистон – 2 (2). Алҷазоир – 1 (2). Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 3:0, Олмон – Сербия – 0:1, Гана – Австралия – 1:1.
Гана – 4 (2). Олмон – 3 (2). Сербия – 3 (2). Австралия – 1 (2). Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0, Ҳолланд – Ҷопон – 1:0, Камерун – Дания – 1:2.
Ҳолланд – 6 (2). Ҷопон – 3 (2). Дания – 3 (2). Камерун – 0 (2). Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакия – 1:1. Итолиё – 1 (1). Парагвай – 1(1). Зеландияи Нав – 1 (1). Словакия – 1 (1).
Гурӯҳи G - Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0, Бразил – Кореяи Шимолӣ - 2:1. Бразил – 3 (1). Кот – Д’ Ивуар – 1 (1). Португол – 1(1). Кореяи Шимолӣ - 0(1).
Гурӯҳи Н – Гондурас – Чили – 0:1, Испониё – Швейтсария – 0:1. Чили – 3 (1). Швейтсария – 3 (1). Гондурас – 0 (1). Испониё – 0 (1).
Имрӯз, 20-уми июн, ду бозӣ дар гурӯҳи F cоати 16.30 бо вақти Душанбе байни тимҳои Словакия - Парагвай, соати 19 миёни дастаҳои Итолиё – Зеландияи Нав ва як бозӣ дар гурӯҳи G соати 23.30 миёни тимҳои Бразил – Кот-Д’Ивуар баргузор мешаванд. Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.
Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба 1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2516-2010-06-20-13-20-19.html
|












