16:10:26 26-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaabukhara226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaabukhara226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaabukhara226.jpg'

ОЗОДИИ МАТБУЪОТ АЗ ДИДИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Ҳамасола аз рӯзи 11 март ба унвони "Рӯзи матбуъоти тоҷик" таҷлил мешавад. Наздик ба як қарн пеш, дар ин рӯз аввалин нашрияи форсизабон дар Осиёи Миёна бо номи "Бухорои шариф" чоп шуда буд.

 

Ба ин муносибат маросими мухталифе дар ин рӯз баргузор мешавад ва рӯзноманигорони тоҷик ҳамдигарро табрик мегӯянд. Бо ин ҳол, ин рӯз фурсате барои мубоҳисот перомуни вазъи матбуъот ва озодии баён ҳам ҳаст, ҳарчанд баррасии ин мавзӯъ ба ин рӯз маҳдуд намешавад. Дар Тоҷикистон бархеҳо бар ин боваранд, ки матбуъоти имрӯзаро мақомот таҳти фишор қарор медиҳанд. Бархи дигар муътақиданд, ки рӯзноманигорон барои ончи менависанд, бояд масъулият эҳсос кунанд.

 

Аслан мафҳуми "озодии матбуъот" чист ва ҳадду ҳудуди он аз назари худи рӯзноманигорон кадом аст? Барои посух ба ин суол ба чанд рӯзноманигор муроҷиъа кардем, ки назароти онон аз ин қарор аст:

 

Хуршеди Атовулло, сардабири "Фараж"

"Дар солҳои 1990-1991 озодии баён буд, вале кор ба моҷароҳои додгоҳӣ нарасида, балки аз тариқи ҷавобномаҳо ҳал мешуд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин усули ҷавоб навиштан ба матолиби интиқодӣ ба як навъ аслиҳа мубаддал гардид.

 

Дар солҳои 2004-2005 усули фишороварӣ бар озодии матбуот ва озоди баён аз тариқи чопхонаҳо сурат гирифт. Яъне чопхонаҳо аз нашри рӯзномаҳо ба ҳар гуна баҳонаҳо худдорӣ мекарданд. Имрӯз ин усул мубаддал шудааст ба равиши шикоят ба додгоҳо. Яъне додгоҳҳо ҳамон маблағеро, шаҳрванд ё мақомот дар мавриди ҷарима бастани рӯзномаҳо тақозо кардаанд, қабул мекунанд.

 

Имрӯз ҳам мавқеъгирии сиёсии нашрияҳо ба мавқеъи сардабир вобаста аст, бар мабнои диди сиёсии вай расонаҳо фаъолият мекунанд ва албатта, пеш аз ҳама дар иҷрои ҳар тасмиме фикри сардабир ва андешаи муассис нақш мебозад."

 

Фазлиддин Хоҷаев, рӯзноманигор

"Ҳамагуна озодиҳо озодии нисбианд ва он низ наметавонад дар як ҳолат ва ҳамеша озод бошад, зеро дар рафти фаъолияти журналистӣ масоили мубраме пеш меоянд, ки боъиси лангиши он, дақиқтараш худсонсурӣ мегарданд. Чунин ба назар мерасад, ки матбуъоти имрӯзаи тоҷик озод аст, аммо чунин нест. Ҳар рӯзнома, телевизиюн ё родиюву сойти интернетӣ дар доираи имконоту ҳадафҳои худ озоданд, аммо дар умум озод нестанд."

 

Барот Юсуфӣ, рӯзноманигор

"Озодии матбуъот (ба ин маъност, ки) ҳар чизе, ки дар доираи қонун аст ва ҳар чизе, ки вазъи ҷомиъа метавонад бардошт кунад, матбуъот он чизро ба мардум бояд расонад. Ба хотири беҳдошти рӯзгор ва зиндагии ҷомиъа гуфта шавад. Ҳато як хабаре, ки дар ҷомиъа нақш дорад, бояд гуфта шавад.

 

Вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик нисбат ба солҳои 90-ум хеле маҳдудтар аст. Яъне дар он солҳо бисёр чизҳое гуфта мешуд, ки имрӯз гуфта намешавад. Яъне услуби навишти рӯзноманагорон дар он вақт дигар буд, ҳатто хулосабарориҳо мекарданд, ҳоло рӯзноманигор ҳақ надорад ҳамчун коршинос назари худашро гӯяд, зеро матбуъоти мо тарсхӯрда аст, худсонсурӣ хеле боло рафтааст.

 

Шояд тарс аз бастани рӯзномаҳо бошад, ки ҳукумат ва ё нафари мансабдор фишор меоварад. Ҳатто ин ки мансабдорон рӯзномаҳоро ба додгоҳ мекашанд, низ боъис мешавад, ки рӯзномаҳо аз гуфтани баъзе чизҳо худдорӣ кунанд.

 

Маълум аст, ки ҳафтаномае, ки тобеъи ягон ҳизби сиёсӣ ё ягон ташкилот аст, манфиъати онҳоро ҳимоят мекунад. Имрӯз рӯзномае нест, ки озод аз манофеъи ҳамагуна аҳзоб ё ташкилот бошад."

 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор

"Мафҳуми озодии матбуъот ва озодии баён ҳарду як маънӣ доранд. Ҳар ақида ё баҳсе, ки ба вуҷуд меояд, бояд аз тариқи матбуъот гуфта шавад. Яъне ҳукуматҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд такия мезананд ба ҳардуи ин мафҳумҳо, яъне ҳам озодии матбуъот ва ҳам озодии баёнро дар як радиф мегузоранд. Аз ҳамин нигоҳ яке аз рисолатҳои асосии матбуъот ин ба вуҷуд овардани афкори умумӣ аст ва ин кор танҳо тавассути озодии баён имконпазир аст."

 

Ёқуби Саид, рӯзноманигори ҷавон

"Озодии матбуъот ин мафҳуми нисбӣ аст. Агар мо имрӯз аз ин иборат кор мегирем, пас мантиқан чунин бармеояд, ки замоне матбуъот озод набудааст. Касе ё чизе намегузоштааст, ки матбуъот ҳақиқатро инъикос кунад. Ва ё то ҳол озодии он дар ягон сатҳе маҳдуд шудааст. Аз ҳамин хотир, дар зери мафҳуми озодии матбуъот ман ҷавлонгаҳи ҳақиқату воқеъиятро мефаҳмам.

 

Озодии матбуот дар Тоҷикистон, ба бовари ман, вуҷуд дорад, ҳарчанд бар пояи камолот нарасида бошад. Агар дар зери мафҳуми матбуъот ҳамаи расонаҳоро фаро бигирем, пас расонаҳои хабарие ҳастанд, ки бо назардошти ҷасорати рӯзноманигории худ тавонистаанд воқеъиятро гоҳ-гоҳе инъикос намоянд.

 

Ҳамчунин, инъикоси ҳақиқатро ҳамаи қонунҳои кишвар замонат додааст. Аммо дар амал ҳоло ҳам расонаҳо ва матбуъот озодии комилро соҳиб нашудаанд.

 

Масалан, ман наметавонам, ки аз раиси ҷумҳурӣ барои ягон сиёсати ғалат ва ё барои ягон ҳарфи номақбулаш интиқод кунам. Замоне ки ҳамин ҳақ (танқиди президент)-ро ба даст меорам ва амалӣ месозам ва барои танқид таъқиб намешавам, он гоҳ комилан матбуъот ба озодӣ хоҳад расид."

 

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор аз Тюмен

"Озодии матбуъот як ҷузъи озодии сухан аст. Матбуъоти озод, ба андешаи ман, минбаре бояд бошад, ки ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллият, вазъи иҷтимоъӣ, мақом ва мансабаш, фикри худашро озодона доир ба ин ё он масъала баён карда тавонад.

 

Агар ҳамин шароитро матбуъот ба ҳамаи кишрҳои ҷомеъа пешниҳод карда тавонад, озод аст, вагарна озод нест. Дар Тоҷикистон матбуъот нисбатан озод аст, вале вақтҳои охир онро ҳам маҳдуд мекунанд. Ин тамоюли бисёр манфӣ аст."

 

Сайёди Қамар, донишҷӯ, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1907-2010-03-11-12-21-44.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ