16:31
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ШИРКАТ ВАРЗИДАН ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНА
Мақолаҳо - Матбуот
29.05.2010 01:50

Ба таваҷҷӯҳи ҳуқуқшиносони ҷавони соҳаи ВАУ дар Тоҷикистон расонда мешавад, ки Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад ва Институти ҳуқуқи ВАУ –и Украина дар доираи Барномаи ВАУ барои иштирок дар Шашум Мактаби байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи ВАУ (5-23 июли соли 2010, ш.Киев) озмун эълон менамояд.

 

Мақсади асосии озмун мусоидат ба интихоби иштирокчиёни арзанда барои ширкат дар Мактаби байналмилалии тобистона доир ба хуқуқи ВАУ аз Тоҷикистон мебошад. Мактаби байналмилалии тобистона доир ба ҳуқуқи ВАУ – ин давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат барои ҳуқуқшиносони ҷавони  соҳаи ВАУ бо таҷрибаи на камтар аз як соли корӣ дар ин самт аст, ки мавзӯҳои риояи озодии сухан ва иттилоот, ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи касбӣ, ҳифзи фаъолияти ВАУ, телевизиону радио ва дигар масоили соҳаи ВАУ-ро дарбар мегирад.        

   

Барои иштирок дар давраи омӯзишии мазкур хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:

 

Ø       Дархоснома барои иштирок дар Мактаби тобистона;

Ø       Нусхаи дипломи хатмкунандаи факултаи ҳуқуқ;

Ø       Нусхаи шиносномаи довталаб.

 

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 16:00, 7 июни соли  2010. Дархостномаро бо  суроғаи зерин метавонед пайдо кунед:  ш. Душанбе,  к. Бохтар 37/1, Маркази "Vefa", ошёнаи 4-ум, тел: 227-55-58; 441-07-28, 441-07-29; 441-07-45, 441-07-46, шахси масъул Рухшона Олимова ё Бахтиёр Мирзоев, ё ин ки тавассути e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ва ё Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Ҳуҷҷатҳои довталабон тавассути почтаи электронӣ низ қабул карда мешаванд. Дархостҳое, ки номукаммаланд, баъд аз мӯҳлати зикргардида пешниҳод шудаанд ва ё ба талаботи ИҶК БМ ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2380-2010-05-28-20-52-48.html

 

Миқдори нигориши мавод: 340

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh