08:41:24 01-уми Июли 2025 сол

4. АГАР КОРТИ МУҲОҶИРАТИИ МАН ГУМ ШАВАД, ЧӢ БОЯД КУНАМ?

Дар сурати хароб шудан ва ё гум кардани корти муҳоҷират шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 3 рӯз ба наздиктарини мақомоти иҷроияи федералии масъули масъалаҳои муҳоҷират дар маҳалли зисти худ хабар диҳад.

4-migratsiony-uchet 2021Мақоми мазкур бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванди хориҷӣ дар асоси он ба Федератсияи Русия ворид шудааст, ба ӯ бо тартиби муқарраркардаи мақомоти иҷроияи федералии масъули корҳои дохилӣ ройгон нусхаи корти муҳоҷират медиҳад.

(Моддаи 11 Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 августи соли 2004 N 413 "Дар бораи корти муҳоҷират")

БА ЗАБОНИ СОДА:

Агар шумо корти муҳоҷирати худро гум кардед ва ё он ба ким-кадом сабабе хароб шуд, ки дигар истифода бурда намешавад, пас дар зарфи 3 рӯз ҳатман ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаҳои муҳоҷират муроҷиат кунед. Баъди он ки аризаи шумо қабул шуд ва мақомот тибқи қонун шахсияти онро мушаххас карданд, тибқи муқаррарот ройгон ба шумо корти нав медиҳанд.

"

ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МУҲОҶИР?"

2. МАН ДАР КУҶО БОЯД ЧУН МУҲОҶИР САБТ ШАВАМ

3. КАЙ БАРОИ МУҲОҶИРАТ САБТИ НОМ КУНЕМ?

Назари Шумо

Security code
навсозӣ