1. САБТИ НОМИ МУҲОҶИРАТ Ё БАҚАЙДГИРИИ МУҲОҶИРАТ ЧИСТ?
Дуруд хонандаи азиз! Инак бахши дигареро рӯи кор овардем, ки "Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?" ном дорад ва доир ба муҳоҷирати меҳнатист. Дар ин бахши гурӯҳ мехоҳем ба он суолҳое ҷавоб гардонем, ки бисёриҳо пурсида буданд. Айни замон ба 22 суоли ҳайати эҷодии сомона ва гурӯҳи "Рӯзгор Синамо" ба мутахассисони соҳаи муҳоҷирати Федерацияи Россия муроҷиат карда будем ва инак посухҳои эшон ба дасти мо расид... Дар ин бахш мехоҳем ҳар рӯзе якто аз ин суолу посухҳоро пешкаши Шумо хонандаи азиз бигардонем, то дигар бародароне, ки дар Федерация Россия қарор доранд, бидонанд, ки барои ҷо ба ҷо кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон чӣ корҳо ва ба куҷоҳо муроҷиат карданашонро бидонанд. Умедворем, ки андаке ҳам бошад, ин кору амали мо, ба манфиати ҳамагон хоҳад буд.
- Сабти номи муҳоҷират ё бақайдгирии муҳоҷират чист?
Сабти номи муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия яке аз шаклҳои танзими давлатии равандҳои муҳоҷират буда, ба таъмин ва иҷрои кафолатҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Федератсияи Русия ба ҳуқуқи ҳар шахсе ба шумор меравад, ки қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия барои ҳаракати озод, интихоби ҷои будубош ва истиқомат дар ҳудуди Федератсияи Русия ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шахс, инчунин барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират равона шудааст.
(Қонуни Федералӣ аз18 – уми июли соли 2006 № 109-ФЗ "Дар бораи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия”)
Ба забони сода:
Сабти номи муҳоҷират ин ба қайд гирифтани ҳамаи шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки ба Русия меоянд. Барои соҳиби ҷои кор шудан, таҳсил, дарёфти хидматрасониҳои тиббӣ ва ё агар Шумо хоҳиши дар Русия зиндагонӣ кардан пайдо кардед, бояд аз қайд гузаред, сабти ном шавед. Танҳо баъди ин Шумо унвони муҳоҷир мегиред ва ҳамаи ҳақу ҳуқуқҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия доранд, соҳиб мешавед. Дар ғайри сурат шумо муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳисоб меёбед, муҳоҷире, ки наметавонад аз ҳуқуқҳое чун дарёфти ёрии тиббӣ, қайд дар маҳалли зист, ақди никоҳ ва ғайра истифода кунад.