10:11:09 04-уми Июни 2025 сол

ДУ ФАРМОНДЕҲИ АРШАДИ ТОЛИБОН БОЗДОШТ ШУДАНД

Гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аз дастгирии ду тан аз фармондеҳони аршади Толибони афғон дар дохилу хориҷи Афғонистон аст.

 

расонаҳои хабарии Покистон ба нақл аз манобеъи омрикоӣ гузориш карданд, ки Оғохон Муътасим ва Ҳоҷӣ Охундзода, аз фармондеҳони аршади Толибон, дар шаҳри Карочии Покистон ва вилояти Ҳелманд дар ҷануби Афғонистон дастгир шудаанд. Ин хабар дар пайи интишори гузоришҳое дар ҳафтаҳои ахир интишор меёбад, ки аз дастгирии теъдоде аз аъзои аршад ва фармондеҳони Толибон дар Покистон ҳикоят доштааст.

 

Аз ҷумлаи ин афрод, Мулло Абдулғанӣ, машҳур ба Муло Бародар, фарди шумораи дувуми Толибон ва Мавлавӣ Абдулкабир, аз аъзои аршади Толибон будаанд. Аз Оғохон Муътасам ба унвони ҷонишини эҳтимолии Мулло Бародар ном бурда ва гуфта шуда равобити наздике бо Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибон доштааст.

 

Дар замони ҳукумати Толибон, Оғохони Муътасим симатҳои муҳиме аз ҷумлаи вазорати молияи дороиро дар давлати Толибон бар уҳда дошт. Фарди дувумӣ, ки батозагӣ дастгир шуда, "Ҳоҷӣ Охундзода", фармондеҳи аршади Толибон дар минтақаи "Нодалӣ" дар вилояти Ҳелманд, дар ҷануби Афғонистон аст.

 

Вилояти Ҳелманд иҷрои яке аз бузургтарин амалиёти низомии НОТУ дар Афғонистон аст. Ба гуфтаи нерӯҳои афғон ва НОТУ, Ҳоҷӣ Охундзода масъули тарроҳӣ ва ҳамоҳангии ҳамалот алайҳи нерӯҳои афғон ва ғайринизомиён будааст. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфтааст, ки Ҳоҷӣ Охундзода аз маъдуд фармондеҳоне будааст, ки бар ҷанг дар минтақаи Нодалӣ пофишорӣ мекарданд ва дастгирии ӯ "зарбаи муҳиме" бар гурӯҳи Толибон ворид мекунад.

 

Ҷонотон Бил, хабарнигори Би-би-сӣ ҳам мегӯяд агар собит шавад, ки ин фард дастгир шудааст, ин воқеъа зарбаи сангине ба гурӯҳи Толибон ворид хоҳад кард, зеро дастгирии ин фард боъиси коҳиши тавоноии Толибон дар таъмини манобеъ ва кор гузоштани васоили инфиҷорӣ хоҳад шуд.

 

Дар амалиёти дастгирии Ҳоҷӣ Охундзода дар Нодалӣ нерӯҳои бритониёӣ ҳам ширкат доштанд, аммо эътибори боздошти ин фард ба нерӯҳои артиши Афғонистон дода шудааст. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфта, ки артиши ин кишвар иттилоъеро ба даст оварда буд, ки як фармондеҳи Толибон дар минтақаи Нодалӣ пинҳон шудааст.

 

Бар асоси ин иттилоъот, нерӯҳои амниятӣ се маҷмаъи маскуниро дар Нодалӣ муҳосира карданд ва аз сокинони онҳо хостанд маҳалро холӣ кунанд. Бар асоси изҳороти сухангӯйи вазорати дифоъ, шуморе аз занон ва кӯдакон ба пайравӣ аз ин дастур, онҷоро тарк карданд, аммо гурӯҳе аз мардон дар маҳал монданд, ки аз он миён се нафар боздошт шуданд.

 

Вазорати дифоъи Афғонистон гуфта, ки дар ин амалиёт ҳатто як гулула ҳам шиллик нашуд. Хабари дастгирии ин фармондеҳи Толибон дар пайи иҷрои амалиёти бузурге мавсум ба "муштарак" дар манотиқи Нодалӣ ва Морҷа дар вилояти Ҳелманд мунташир мешавад.

 

Ин амалиёт бо ширкати беш аз 15 ҳазор сарбози НОТУ ва афғон барои поксозии ин манотиқ аз шӯришиёни мусаллаҳи Толибон ба иҷро гузошта шудааст. То кунун дар ҷараёни ин амалиёт, чаҳор низомии бритониёӣ ва се низомии омрикоӣ кушта шудаанд ва манобеъи давлатӣ аз кушта шудани даҳҳо тан аз шӯришӣ вобаста ба гурӯҳи Толибон хабар додаанд.

 

Ҳамчунин, гузоришҳое ҳам аз талафоти ғайринизомӣ дар ин амалиёт мунташир шудааст. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои НОТУ ва афғон талош доранд, ки барои таъмини амният ва бозгардондани мардум ба зиндагии оддӣ дар ин манотиқ барномаҳоеро рӯи даст гиранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1868-2010-03-05-10-57-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854