ҲУШДОРИ КЛИНТУН БА НАХУСТВАЗИРИ ИСРОИЛ
Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико ба Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ҳушдор додааст, ки тасмими Тел-Овив барои густариши шаҳракҳои яҳудинишин робита бо Вошингтунро ба хатар меандозад. Давлати Исроил рӯзи сешанбе эълом кард дар саади тавсеъаи шаҳракҳои яҳудинишин дар манотиқи ишғолӣ аст. Хонуми Клинтун рӯзи ҷумъа дар як тамоси телефунӣ бо оқои Нетонёҳу нисбат ба ин иқдом башиддат ибрози нороҳатӣ кард.
Филип Кроулӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико гуфт Ҳилорӣ Клинтун хотирнишон карда Вошингтун ин сиёсатро ҳовии "паёме бисёр манфӣ дар бораи рӯйкарди Исроил ба равобити дуҷониба" талаққӣ мекунад. Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳурии Омрико, барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Ховари Миёна рафтааст.
Аммо хонуми Клинтун ба Бинёмин Нетонёҳу гуфт сиёсати Тел-Овив бар хилофи аҳдофи сафари Ҷӯ Бойден аст. Бинёмин Нетонёҳу аз ҳамзамонии сафари оқои Бойден бо ин тасмим узрхоҳӣ кардааст. Ба гуфтаи оқои Кроулӣ, хонуми Клинтун дар ин муколамаи 43-дақиқаӣ, гуфт иқдомоти Тел-Овивро дар шароите, ки Омрико мутаъаҳҳид ба амнияти Исроил аст, дарк намекунад.
Вай афзуд Ҳилорӣ Клинтун хотирнишон карда "давлати Исроил бояд на фақат дар калом, балки мушаххасан дар амал нишон диҳад мутаъаҳҳид ба ин робита ва раванди сулҳ аст." Изҳороти хонуми Клинтун дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Кохи Сафед ва Ҷу Бойден низ аз эҷоди сохтмонҳои ҷадид дар манотиқи ишғолӣ интиқод кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷурҷ Мишел, намояндаи вижаи Омрико дар умури сулҳи Ховари Миёна, низ ахиран мулоқотҳои мутаъаддиде бо мақомҳои исроилӣ ва фаластинӣ барои азсаргирии музокирот доштааст. Аммо тасмими ахири давлати Исроил ба густариши шаҳракҳои яҳудинишин ояндаи музокироти сулҳи Ховари Миёнаро гирифтори ибҳом (тирагӣ) кардааст.
Ташкилоти худгардони фаластинӣ эълом карда дар сурате ки Исроил барномаи эҳдоси як ҳазору шашсад воҳиди ҷадиди маскунӣ барои яҳудиён дар бахши шарқии Байтулмуқаддасро дунбол кунад, идомаи музокироти сулҳ барои фаластиниён "бисёр душвор" хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Соиб Ариқот, аз мақомоти аршади ташкилоти худгардон, ки сарпарастии музокирот бо Исроилро бар уҳда дошта, мақомҳои фаластинӣ "хостори кумаки омрикоиён барои лағви ин тасмими давлати Исроил шудаанд."
Оқои Ариқот дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки "то замоне ки дастури давлати исроил лағв нашуда, барои мо ширкат дар ҳар навъ музокироте бо Исроил бисёр душвор хоҳад буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1922-2010-03-13-14-29-29.html