11:33:04 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaakandahar226.jpg'

ВОЛИИ ҚАНДАҲОР: АМНИЯТИ ҚАНДАҲОР НИЁЗМАНДИ НЕРӮИ БЕШТАР АСТ

Як рӯз пас аз як ришта ҳамалоти интиҳорӣ ба шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон волии Қандаҳор хостори эъзоми нерӯи бештар барои таъмини амнияти ин шаҳр шудааст. Ҳамалоти интиҳории рӯзи шанбеи 13 март ба гуфтаи мақомот 31 кушта ва 51 захмӣ ба ҷой гузошта, ки бештари онон афроди ғайринизомӣ ҳастанд.

 

Турёлай Висо, волии Қандаҳор бомдоди рӯзи якшанбеи 14 март дар як нишасти хабарӣ гуфт ҳадафи аслии бумбгузорон ва муҳоҷимон ҳамла ба зиндони Қандаҳор ва озод кардани зандониёни вобаста ба гурӯҳи Толибон будааст. Оқои Висо гуфт, ки дар ин ҳамла 15 нафар ширкат карда буданд, ки ҳафт нафари онон муваффақ ба мунфаҷир кардани воскатҳои инфиҷории худ шуданд, аммо ҳашт тани дигар муваффақ ба ин кор нашуданд.

 

Оқои Висо гуфтааст, ки ӯ аз давлати марказӣ дар Кобул хостааст, ки пеш аз иҷрои амалиёти низомии НАТО алайҳи Толибон дар вилояти Қандаҳор бояд нерӯи кофӣ ба ин шаҳр эъзом кунад. Пеш аз ин мақомоти низомии НАТО дар Афғонистон гуфта буданд, ки пас аз "амалиёти муштарак" дар вилояти Ҳилманд амалиёти дигареро барои берун рондани Толибон аз Қандаҳор ба иҷро хоҳанд гузошт.

 

Волии Қандаҳор гуфт: "Он теъдоди низомиён ва маъмурони пулисеро, ки бояд дошта бошем, надорем ва шумори онҳо кам аст. Дар ин замина гуфтугӯҳо бо Кобул идома дорад ва мақомот ваъда кардаанд, ки ба зудӣ шумори маъмурони пулис ва сарбозони артишро (дар Қандаҳор) афзоиш диҳанд."

 

Оқои Висо ҳамчунин гуфт, ки аз лиҳози иттилоъотӣ ҳам мушкилоте дар ин вилоят вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ шумори маъмурони идораи амнияти миллӣ дар Қандаҳор дар ҳадде нест, ки посухгӯи мушкилот бошад.

 

Ӯ гуфт: "Иттилоъоти мо кофӣ нест, дар заминаи иттилоъотӣ афроди кофӣ надорем. Гузоришҳое ба даст меояд, аммо ба далели ин ки афроди кофӣ вуҷуд надорад, пайгирӣ намешавад."

 

Як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамлаи рӯзи шанбе дар посух ба суханони фармондеҳони омрикоӣ иҷро шудааст, ки гуфта буданд, ки Толибонро дар вилояти Қандаҳор ҳадаф қарор хоҳанд дод.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1932-2010-03-14-18-56-36.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854