10:25:43 28-уми Июни 2025 сол

МАМОНЕЪАТ АЗ УЗВИЯТИ ЭРОН ДАР ГУРӮҲИ ШОНГҲОЙ

Бар асоси муқаррароти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) кишваре, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад, ба узвияти ин созмон пазируфта нахоҳад шуд. Бад ин тартиб, Эрон, ки аз кишварҳои нозир дар ин созмон буда ва ду сол қабл барои шомил шудан ба СҲШ асноди зарурӣ пешниҳод карда буд, наметавонад ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад.

 

Тибқи ин санад, ки рӯзи ҷумъаи 11 июн, дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Тошканд тасвиб шуд, ҳама гуна мавонеъ дар роҳи узвияти кишварҳои дигар ба СҲШ аз миён рафтааст. Бар асоси муқаррароти ҷадид, ҳамакнун кишварҳои минтақаи УруОсиё, ки бо мамолики узви СҲШ равобити диплумотик дошта, нозир ё шарики ин созмон ҳастанд ва бо кишварҳои узви СҲШ ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва равобити башарӣ доранд, метавонанд ба ин созмон шомил шаванд.

 

Таҳти таҳримҳои Созмони Милал қарор надоштан ва дар ҳолати мухолифати мусаллаҳона бо кишварҳои узв набудан аз меъёрҳои дигари узвият дар СҲШ таъйин шудааст. Дархости расмӣ барои узвият дар СҲШ бояд тавассути раиси Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба раиси Шӯрои сарони кишварҳои узви ин созмон ирсол шавад.

 

Ҳоло Эрон, Ҳинд, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозир ва Белорусу Сри-Лонко аз шарикони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд. Зимнан, Тоҷикистон аз пуштибонони узвияти Эрон ба СҲШ буда ва барои шомил шудани Эрон ба ин созмон талошҳои зиёде ба харҷ додааст.

 

Бино ба иттилоъи хабаргузории Интерфакси Русия, Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, таъкид кардааст, ки тасвиби муқаррарот дар бораи пазируфтани аъзои ҷадид ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой маънии ба таври утумотик афзоиш ёфтани шумори аъзои ин созмонро надошта ва танҳо эҷоди заминаи ҳуқуқӣ барои шомил шудани кишварҳои дигар ба СҲШ хоҳад буд.

 

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар шаҳри Тошканд ба хабарнигорон гуфтааст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд даъват шуда буд.

 

Аммо оқои Аҳмадинажод аз ширкат дар ин нишаст мунсариф шуда ва аз шаҳри Душанбе, ки бо дидори дурӯза дар ин ҷо қарор дошт, ба манзури ширкат дар ифтитоҳи "Рӯзи Эрон" дар Намоишгоҳи байналмилалиии “ЭКСПО-2010” мустақиман озими Шонгҳой шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2474-2010-06-12-16-09-25.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ