17:31:44 28-уми Июни 2025 сол

ПАЁМИ ШОДБОШИ КАРИМОВ БА РОЗА ОТУНБОЕВА

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистонро ба муносибати дарёфти ин мақом дар пайи ҳамапурсии ахир табрик гуфтааст.

 

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Ӯзбакистон хостори таҳқиқи даргириҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон шуда ва изҳори умедворӣ кардааст, ки мубтакирони ин даргириҳо шиносоӣ ва муҷозот шаванд. Роза Отунбоева баъд аз баргузории ҳамапурсии 27 июн мақоми раиси ҷумҳури муваққати Қирғизистон то поёни соли 2011-ро дарёфт кард. Ҳамзамон бисёре аз сокинони ин кишвар ба тарафдорӣ аз таъсиси низоми порлумонӣ дар Қирғизистон раъй додаанд.

 

Дархости таҳқиқи мунсифона

Ислом Каримов аз нахустин руасои ҷумҳури кишварҳои шӯравии собиқ аст, ки хонум Отунбоеваро ба муносибати машрӯъият ёфтани симаташ аз роҳи ҳамапурсӣ табрик кардааст. Дар номаи шодбошии Президент Каримов, ки дар сойти интеренетии давлати Ӯзбакистон мунташир шуда, аз ҷумла омадааст: "Мутмаинам, ки таҳқиқи мунсифона ва ҳамаҷонибаи ҳаводиси хунин ва ғайриинсонӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод, ки бояд бо ширкати коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ анҷом шавад, муштаракот ва ҷудоинопазирии манофеъи халқҳои ӯзбак ва қирғиз, ки тӯли қарнҳо дар ҷануби Қирғизистон ба сар мебаранд, ошкор созад."

 

Ислом Каримов ҳамчунин изҳор доштааст, ки чунин таҳқиқот имкон медиҳад, ки мубтакирони хориҷии ин ҳаводис, ки барои расидан ба “аҳдофи касифи худ” омода ҳастанд ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳро қурбон кунанд, ошкор хоҳанд шуд. Чанде пеш, Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Омрико низ хостори таҳқиқи мунсифона ва мустақиллонаи ҳаводиси ҷануби Қирғизистон шуда буданд. Тибқи иттилоъи ахири манобеъи расмӣ, ҳудуди 300 нафар дар даргириҳои Ӯш ва Ҷалолобод кушта ва беш аз ду ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

 

Ҳудуди сад ҳазор нафар аз ӯзбактаборони ҷануби Қирғизистон дар пайи ин ҳодисаҳо водор шудаанд, ки ба қаламрави Ӯзбакистон фирор кунанд. Аммо ахиран гузориш шуд, ки баъди ба эътидоли даромадани вазъият, тақрибан ҳамаи фирориён ба Қирғизистон бозгардонда шудаанд.

 

"НаслкушӢ"

Бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар иддаъо доранд, ки ҳаводиси ахир дар ҷануби Қирғизистон бояд ба унвони "наслкушии қавми ӯзбак" таҳқиқ ва арзёбӣ шавад. Зоҳиран, иддае аз фарҳангиёни ӯзбак, аз ҷумла Юлдуз Усмонова, овозхони маъруф, низ ба ҳаводиси ҷануби Қирғизистон аз ҳамин дидгоҳ менигаранд.

 

Хонуми Усмонова дар як таронаи ҷадиди худ, ки ба ҳаводиси ҷануби Қирғизистон ихтисос дорад, хитоб ба мардуми қирғиз онҳоро ба озору азияти ӯзбакон муттаҳам кардааст. Вай дар ин тарона мегӯяд, ки қирғизҳо бояд аз ӯзбакҳо узрхоҳӣ кунанд, зеро “агар ӯзбак интиқомҷӯйӣ кунад, шумо маҳв хоҳед шуд”. Гуфта мешавад, ки ин таронаи ҷадиди Юлдуз Усмонова дар миёни ӯзбактаборони Ӯзбакистон ва ҷануби Қирғизистон шуҳрати зиёде пайдо кардааст. Вале дар ҷомеъаи Қирғизистон, баръакс, мавриди интиқодҳои шадиде қарор гирифтааст.

 

Телевизиюни давлатии Қирғизистон хабар дода, ки вазорати фарҳанги ин кишвар барои баррасӣ ва таҳқиқи матни ин тарона кумисиюни вижае таъсис додааст. Бархе аз чеҳраҳои фарҳангии Қирғизистон мегӯянд, ки дар матни ин тарона иҳонатҳое нисбат ба халқи қирғиз вуҷуд дорад ва пахши он ба барқарории субот дар ин кишвар мусоъидат намекунад. Гузоришҳо ҳокист, ки овозхонони қирғиз низ “посухҳои шоъиронае” ба таронаи Юлдуз Усмонова таҳия ва сабт кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2592-2010-07-02-11-32-52.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ