ФАРМОНҲOИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1983 - 1992 ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел - майи соли 2010 аз сафҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2. Моҳҳои апрел - майи соли 2010 шаҳрвандони ҷинси марди то рўзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мўҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қўшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ мукаммалгардонии онҳоро дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
5. Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ҳаматарафа инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, духтурони мутахассисро аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш. Душанбе, 9 марти соли 2010
№834
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии
ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ фармон медиҳам:
1) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) идораҳои зерини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад:
- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
б) дар мўҳлати се моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба ҳамин Фармон мутобиқ намояд;
в) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд;
г) ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои собиқ Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вогузор намояд.
4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 3:
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «ҳамчунин вазифаҳои собиқ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои ҳаштум ва шонздаҳум хориҷ карда шаванд.
б) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 тасдиқ шудааст:
- дар банди 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 4 сархати дуюм хориҷ карда шуда, ба он сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- дар банди 5 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз банди 5 сархати нўҳум хориҷ карда шуда, ба он сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 9 марти соли 2010
№832
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси
намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 16 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе. 9 марти соли 2010
№833
President.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1893-o-.html