11:33:10 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/12_--01-a-aaaaaporlament-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/12_--01-a-aaaaaporlament-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/12_--01-a-aaaaaporlament-2.jpg'

РУШДИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Аз таъсисёбии парлумони дупалата - Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10  сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи парламентаризм то чӣ андоза  ташаккул ёфт? Ташкили чунин парлумон дар дифоъ аз манфиатҳои миллӣ чӣ нақши боризе гузошт?  Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Сайфулло Сафаров чунин посух гуфт:

 

- Таъсиси парлумони дупалата дар Ҷумҳурии Тоҷикистон албатта як падидаи нав буд. 10 сол пеш қабл ба хотири ба ҳам овардани манфиатҳои маҳаллӣ дар як доираи манфиатҳои давлатӣ парлумони касбии иборат аз ду палата –Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ таъсис дода шуд. Ин тарзи парлумон дар бисёри кишварҳои дунё  вуҷуд дошта, бикамерализм ном дорад. Дар масъалаи таҳлили инкишофи  парлумони дупалата дар Тоҷикистон ду сол муқаддам яке аз шогирдони мо рисолае дар соҳаи  сиёсатшиносӣ навишта буд.

 

-Дар шароити Тоҷикистон ташкили парлумони дупалата зарурат дошт?

 

-Албатта зарурат дошт. Сабаби таъсис додани парлумони дупалата ҳам ҳамин зарурат буд. Дар  вақте, ки ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон  дар ҳолати парокандагӣ буданд,  акнун ба сулҳ омада ва ҳукумати нави миллӣ ба вуҷуд омада буд, дар чунин шароит  бе ягон квотаи 30 фоизае, ки пешниҳодшуда буд шароити мусоид барои ташкили  парлумони умумимиллӣ ё парлумони намояндагӣ фароҳам гардида буд.

 

Лекин дар ин ҷо бояд манфиатҳои маҳалҳо ҳам ба ҷузъ аҳзоби сиёсӣ  дар парлумон инъикос мешуд ва дигар роҳе набуд ба ҷуз аз инъикос кардани он дар палатаи болоии парлумон. Ба ғайр аз ин  боз мо бояд як гурӯҳе медоштем, ки манфиатҳои умумидавлатиро ҳимоя мекарданд ва онҳо намояндагони Президент, аз шахсиятҳои варзидаи ҷумҳурӣ мешуданд. Ин аст, ки дар Маҷлиси миллӣ  8 нафарро Президент ба сифати аъзои Маҷлиси миллӣ таъин мекунад.

 

-Аз замони  таъсиси  парлумони дупалата дар Тоҷикистон 10 сол пур мешавад ва мегуфтед, ки ин парлумон ба ҷомеаи Тоҷикистон чӣ  дод?

 

-Аз назари ман таъсиси чунин парлумон бисёр ба маврид ва талаби давру замон буд дар роҳи демократикунонии ҷомеа. Он як қадами муассире дар роҳи ташаккули парламентаризм дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  ва ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ гардид. Инчунин,  намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа  аз вилояту ноҳияҳо дар сатҳи давлатӣ ҷамъ омада,  қонунҳоро таҳлил карда, ҷонибдорӣ намуда, ба Президент пешниҳод  менамуданд.

 

Палатаи болоии парлумони мамлакат камбудиаш ин аст, ки дар он бештар манфиатҳои  маҳаллӣ имкон доранд, ки рушд кунанд ва ҳимоя шаванд. Зеро ба ғайр аз 8 нафаре, ки аз ҷониби Президент таъин карда мешаванд ва онҳо сирф манфиатҳои давлатӣ ва миллиро ҳифз мекунанд боқимондаҳо намояндаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.Онҳо албатта наметавонанд, ки манфиатҳои маҳалли худро дар ин ҷо инъикос накунанд.

 

Яъне ба таври мантиқӣ ҳамин хел мебарояд, ки хоҳ мардуми миллатпарасту хуб бошанд хоҳ не дар ҳар ду ҳолат манфиатҳои маҳаллӣ ба ҷои аввал мебарояд ва дар сатҳи давлатӣ инъикос мешаванд, ки он дар рушди  стратегияи давлат дар шароити боқимондани маҳалчигӣ  дар шуури мардум он қадар кори хуб нест.

 

Хусусияти дуюми ин палата аз он иборат аст, ки аъзоёни палатаи болои доимӣ машғули кор нестанд, аз ин рӯ барои онҳо дарки нозукиҳои қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон шабу рӯз нишаста кор мекунанд,  камтар мушкилӣ мекунад. Шояд сабаб ҳамин аст, ки Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳар ду вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд,  дар радиои Озодӣ изҳороте доданд, ки дар он  гуфта мешавад, ки Маҷлиси намояндагон кор мекунад, қонун менависад, қабул мекунад вале,  Маҷлиси миллӣ кораш нонамоён аст.

 

Аммо мо бояд чунин андеша надошта бошем, чунки вазифаи Маҷлиси  миллӣ он нест, ки нишаста ин қонунҳоро нависад ё аз сар то охир таҳрир кунад, балки вазифаи онҳо ин аст, ки дар баъзе мавридҳо манфиатҳои давлатӣ, ки қурбони манфиатҳои гурӯҳӣ шудаанд,  бояд онҳоро ислоҳ намояд ва гардонад ва намонад то  назди Президент ягон қонун ё ҳуҷҷат ба таври хом пешниҳод шавад. Ин ҷиҳати мусбии палатаи болоии парлумони мамлакат аст.

 

Ҳамин ду ҷиҳати аслиро мо метавонем ҷудо кунем, яъне ҷиҳатҳои манфие, ки бештар парлумонро ба манфиатҳои  маҳаллӣ пайванд мекунад ва ҷиҳатҳои мусбӣ, ки намегузорад, ки  ягон қонун аз доираи манфиатҳои давлатӣ ва аз доираи тамоми  манфиати уммумимилӣ барои ягон гурӯҳ барои ягон ҳизб тасдиқ шавад.

 

-Ба назари Шумо парлумони касбии Тоҷикистон то чӣ андоза рисолати худро  дар мавриди дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ба ҷо овардааст?

 

-Ман фикр мекунам, ки парлумон то ин дам вазифаи худро хуб иҷро кардааст.

 

-Вазъи фарҳанги сиёсиро дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

 

-Вазъи фарҳанги сиёсии ҷомеа дар он вақт ба сатҳи баланд мерасад, ки ҳар як вакиле, ки ба парлумон меояд на танҳо аз нуқтаи назари манфиатҳои ҳизбӣ, на танҳо аз нуқтаи назари манфитаҳои он ноҳияе, ки ӯ интихоб мешавад,  балки аз нуқтаи назари манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллӣ дар Маҷлиси намояндагон фаъолият намояд.

 

Ҳоло фарҳанги сиёсии мо то ба он дараҷае, ки мо мехоҳем нарасидааст ва Маркази тадқиқоти  стратегии нази Презденти ҷумҳурӣ ба нақша гирифта аст, ки солҳои 2011- 2015 вазъи фарҳанги сиёсии  кишварро таҳлил кунад, хусусиятҳо ва равандҳои асосии онро муаяйн намояд.  Ва аз рӯи он муайян карда метавонем, ки дар оянда    барои ҷумҳурии мо системаи бисёрҳизбӣ зарур аст ё ин ки фаъолияти се чор аҳзоби сиёсӣ, парлумони мо дупалатагӣ бошад ё на.

 

-Ояндаи парлумони касбии Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

 

-Албатта ба он таври идеалие, ки ман мехоҳам шояд амал накунад.  Мо агар воқеъбин намебудем агар фақат таъриф мекардем, мегуфтем, ки ҳама чиз хуб аст ягон камбудӣ надорем, ин ба ҳалли масъала ё проблемаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон монеаҳо эҷод мекард. Лекин мо воқеъбин ҳастем. Мебинем, ки дар баъзе масъалаҳо мо камбудиҳо дорем. Он камбудиҳо худ инъикосгари норасоиҳои ҷомеа аст. Яъне ҷомеа худаш чунин сатҳи инкишоф ва рушд дорад.

 

Ва ин инъикос мешавад дар интихоботи парлумон, дар интихоботи вакилон, фаъолияти онҳо ва ғайра. Дар ин маврид агар ҷомеа баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо сайъ ва талаб намояд пас  вакилон ҳам фаъол мешаванд. Агар ҷомеа кам талаб кунад пас онҳо ҳам вобаста ба талаботи ҷомеа амал мекунанд. Зеро онҳо  ҳам фарзандон ва ба камолрасидаву тарбиятгирифтагони ҳамин ҷомеа ҳастанд.

 

-28 феврал дар ҷумҳурӣ  интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумони мамлакат  баргузор шуд. Аз нигоҳи Шумо интихобот дар кадом сатҳ доир гардид?

 

-Тавре гуфтам дараҷаи фарҳанги сиёсии ҷомеа хеле боло рафтааст. Интихоботи соли 2010 аз интихоботи солҳои қаблӣ хеле  фарқ дошт. Маъракаҳои интихоботӣ хеле шаффоф ва демократӣ буданд. Тамоми намояндагони аҳзоби сиёсӣ то рӯзи 27 феврал аз ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот розӣ буданд. Тамоми нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон мушоҳида карданд.

 

Аз натиҷаҳои худи интихобот норизо будани баъзе аҳзоби сиёсӣ ин худ табиӣ аст. Ба хотири  он табиӣ аст, ки ҳар аҳзоби сиёсӣ мехоҳад бо хоҳиши худаш ҳамон қадар овозе, ки мехоҳад соҳиб шавад. Аммо,  дар воқеъият ин хел намешавад. Масалан, баъзе аҳзоби сиёсиро ман ҳанӯз моҳи октябри соли 2009  гуфта будам, ки 8 % ва  10 % раъй мегиранд. Онҳо бошад мегӯянд, ки мо бояд 30% овоз мегирифтем. ҲХДТ низ мехост 80% овоз гирад,  вале нагирифт.  Ин равандро ман ҳамчун коршинос арзёбӣ намуда будам,  дар асоси таҷрибаи сиёсие, ки дорам.

 

Зеро аз соли 1994 ман дар ҷараёни интихоботҳо ширкат менамоям. Ин маънои онро надорад, ки ҳукумат гуфт ки фалон ҳизб ҳамин қадар райъ мегирад. Хеле аҷоиб аст, ки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ  мегӯянд, ки ба мо Ҳукумат овозҳоро надоданд. Охир то ба интихобот ҳама мегуфтанд, ки Ҳукумат набояд ба интихобот дахолат намояд. Пас чӣ гуна Ҳукумат овозҳоро тақсим мекунад. Раъйро халқ медиҳад ва аъзоёни комиссия онҳоро ҳисоб мекунанд.

 

Пас овозҳоятонро бояд худатон назорат кунед ва ба қонуншиканиҳо роҳ бояд намедодед. Бояд нозирони Шумо кор кунанд на Ҳукумат. Ҳукумат ҳуқуқ надорад, ки ба касе овоз диҳад. Зеро интихобот  ин ҷои савдо нест.  Дар палатаи поёнии парлумон мамлакат намояндаи 5 аҳзоби сиёсӣ роҳ ёфт, ки ин ҳам шаҳодатест аз раванди демократикунонии ҷомеа ва як қадами ҷиддӣ мебошад баҳри рушди парламентаризм.

 

Зеро намояндаи 5 аҳзоби  сиёсӣ дар палатаи доимоамалкунандаи касбӣ аз манфиатҳои экологӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ дифоъ хоҳанд кард. Ин шахсиятҳо, ман дар назар дорам, намояндагони 5 ҳизби сиёсие, ки дар парлумони мамлакат ҷой гирифтанд, шояд дар парлумони мо баъзе андешаҳои пешрафтаро ҷорӣ созанд, ки баҳри ташаккули эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1921-2010-03-12-19-23-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854