ЛАҒВИ НОМЗАДИИ ДУ ФАЪОЛИ ҲНИТ ДАР МӮЪМИНОБОД
Ду номзади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба маҷлиси маҳаллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод як рӯз қабл аз баргузории интихоботи такрорӣ ба далели "доғи судӣ доштан" аз саҳнаи рақобат дур карда шуданд. Сафаралӣ Ҳусейнов, номзад ба маҷлиси ноҳия аз ҳавзаи шумораи 9 ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи шанбеи 13 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки Кумисиюни интихоботи маҳаллӣ пас аз дарёфти мактубе аз шӯъбаи амнияти ноҳия номзадии ӯро аз феҳрист хориҷ кардааст.
Ба гуфтаи оқои Ҳусейнов, масъулони кумисиюни маҳаллӣ имрӯз ба ӯ мусаввабаеро додаанд, ки тибқи он номзадии ӯ "бар асоси моддаҳои 11 ва 26 қонуни интихобот ба маҷолиси маҳаллии вакилони халқ ва мактӯби сардори шӯъбачаи амнияти миллии ноҳияи Мӯъминобод аз 12 марти соли 2010" аз феҳрист хориҷ карда шудааст.
Вай афзуд, ки исми Суҳроб Холов, номзади дигари ҲНИТ ба маҷлиси ноҳияи Мӯъминобод аз ҳавзаи шумораи 25 низ ба далоили мушобеҳ ва "бо пешниҳоди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод аз 10 марти соли 2010" аз феҳристи номзадҳо хориҷ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Носиров, раиси кумисиюни интихоботи маҳаллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод, дар ҷануби Тоҷикистон, низ ин хабарро таъйид кард.
Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки кумисиюни маҳаллӣ номзадии ин ду нафарро "дар асоси пешниҳодҳо ва қарорҳои мақомҳои маъмурӣ" мавриди баррасӣ қарор дода ва ба далели "доғи судӣ доштан" ботил кардааст.
Оқои Носиров дар посух ба ин суол, ки пас чаро номзадии ин афрод пеш аз интихоботи 28 феврал ботил карда нашуд ва онҳо дар ин интихобот ширкат доштанд, гуфт, ки мақомоти пулис ва амният "мумкин аст пештар нафаҳмида бошанд, вале ба мо рӯзҳои 10 ва 12 март пешниҳод карданд."
Ба гуфтаи Сафаралӣ Ҳусейнов, номзади ҲНИТ, ки акнун номзадияш ботил шудааст, вай дарвоқеъ дар соли 1993 мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Вале ӯ дар соли 1995 афв шуд: "Баъдтар аз шӯъбаи умури дохилӣ ба ман хабар доданд, ки доғи судӣ аз ман бардошта шудааст, вале ягон санади расӣ надода буданд."
Оқои Ҳусейнов дар мавриди ботил шудани номзадии Суҳроб Холов гуфт, ки алайҳи вай дар соли 2003 парванда боз шуда ва додгоҳ ӯро 90 сомонӣ ҷарима карда буд. Ба гуфтаи вай, Суҳроб Холов дар соли 2005 низ номзадияшро пешниҳод карда буд ва он замон ҳам чунин қазияе рух дод. Вале вай он замон аз додгоҳ муълумотномае оварда буд, ки "ин одам 90 сомонӣ ҷарима шуда ва дигар доғи судӣ надорад."
Ҳамакнун, ҳарчанд оқои Холов ин санадро ба кумисиюни ҳавзаии интихобот пешниҳод кардааст, вале кумисиюни ҳавзаӣ онро ба назар нагирифта ва номзадии ӯро ботил кардааст. Ба ин тартиб, дар ҳавзаҳои Ҷавонон ва Оқҷари ноҳияи Мӯъминобод Сангаҳмад Шарипов, рақиби пешини оқои Ҳусейнов аз ҳизби кумунист, ва Саидаҳмад Давлатов, рақиби пешини оқои Холов аз ҳизби ҳокими халқи демукрот дар саҳна танҳо мондаанд ва эҳтимолан дар интихобот баранда эълом хоҳанд шуд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз нуфузи густардае дар ҷомеъа бархурдор буда ва муҳиммтарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аз шеваи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар 28 феврал башиддат интиқод кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, нозирони ҲНИТ мавориди густардае аз беназмӣ ва тахаллуфот дар ҷараёни раъйгирӣ ва пеш аз онро сабт карда ва ба додгоҳҳо шикоят бурдаанд.
Вале Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва гуфтааст, ки мавориди тахаллуф ва тақаллуб дар интихобот "ҷузъӣ буда" ва дар натоиҷи он таъсире надоштааст.
Тибқи натоиҷи ниҳоии интихобот, ҳизби ҳокими халқи демукрот бо беш аз 70 дарсади ороми умумӣ аксари курсиҳои порлумонро ба даст овард ва орои рехташуда ба тарафдории ҳизби наҳзати исломӣ андаке бештар аз ҳашт дарсад эълом шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1923-2010-03-13-14-37-46.html