11:34:21 04-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: МО ШИДДАТИ ЭЪТИРОЗОТИ МАРДУМРО КОҲИШ ДОДЕМ

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат, гуфтааст, ки ин ҳизб то ба имрӯз барои коҳиш додани мавҷи эътирозоти умумӣ талош кардааст. Ба гуфтаи манобеъи ин ҳизб, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи ҷумъаи 12 март дар дидор бо Кеннет Гросс, сафири Омрико дар Тоҷикистон, зимни баррасии натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ, гуфтааст, ки таваққӯъ дорад ҳукумат "иштибоҳи худро дарк кунад."

 

Мушаххас нест, ки оқои Кабирӣ бо ин мафҳум чиро дар назар дорад, вале ӯ меафзояд: "Мо аз он ки интихобот бо усули демукротик доир мегардад, хушбин набудем, танҳо интизори онро доштем, ки қадами мусбате ба сӯйи он (демукросӣ) гузошта шавад, вале баръакси он сурат гирифт."

 

Бо ин ҳол, раҳбари танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Осиёи Миёна мегӯяд, ки ин ҳизб талош хоҳад кард эътимоди мардум ба шеваҳои демукротики табдили ҳукуматро ҳифз кунад, "агарчи интихоботи феълӣ зарбаи сангине ба пайкараи ин афкор ворид сохтааст."

 

Тибқи хабарномае, ки ҲНИТ рӯзи шанбе интишор дод, оқои Кабирӣ муътақид аст, ки мардум башиддат аз натоиҷи интихобот норозӣ будаанд ва ҳизби ӯ дар коҳиши эътирозоти умумӣ нақши муҳимме доштааст.

 

Дар ин хабарнома аз қавли вай омадааст: "Баъд аз он ки ҷонибдорони хешро ба авзоъи дохилӣ ва хориҷии кишвар огоҳ кардем ва суботу оромии ҷомеъаи хешро амре муҳим арзёбӣ кардем, шиддати эътирозомези мардум пойин рафт."

 

Оқои Кабирӣ меафзояд: "ҲНИТ то ба имрӯз коҳишдиҳандаи мавҷи эътирозомези мардум будааст, чун субот ва оромии ҷомеъаро амри муҳимме барои таъмини суботи сиёсӣ медонад. Интизори мо ин аст, ки ҳукумат иштибоҳи хешро бояд дарк кунад."

 

Раҳбари ҲНИТ ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи нахусти порлумон, ки 16 март баргузор мешавад, назари хешро дар бораи интихобот ва "паҳлӯҳои ҷудогонаи қонуншиканиҳои мақомоти марбута" рӯшан созад.

 

Қаблан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ба шумор меояд, ва бархе аз аҳзоби дигари мухолиф, аз тахаллуфоти густарда дар ҷараёни раъйгирӣ интиқод ва нисбат ба натоиҷи эъломшудаи интихоботи 28 феврал ибрози норизоятӣ карда буд.

 

Тибқи натоиҷи ин интихобот, орои рехташуда ба тарафдории ҲНИТ андаке бештар аз 8 дарсад эълом шуд ва ҳизби ҳокими халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо беш аз 70 дарсади орои умумӣ аксари кулли курсиҳо дар порлумонро тасарруф кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1924-2010-03-13-14-44-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854