17:44:00 05-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/13_--01-a-aaaaaemri_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/13_--01-a-aaaaaemri_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/13_--01-a-aaaaaemri_2.jpg'

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЭМРИ ДЕ МОНТЕСКЮ

12 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар қитъаи Аврупо» арзёбӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба ҳамкории сохторҳои дифоии ду кишвар низ баҳои баланд дода шуд. Эмри де Монтескю «Таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон ва маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои барқарорсозии сулҳу осоиш дар Афғонистон басо муҳим» арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки «Фаронса ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст».

 

Гуфтугўйи судманд  ҳамчунин оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону  Фаронса сурат гирифт.  Намояндаи махсуси Президенти Фаронса иттилоъ дод, ки сохтмони терминали нави муосир дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе то 20 – солагии истиқлоли Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ба анҷом хоҳад расид.

 

Ҳарду ҷониб ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

 

President.tj

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1925-2010-03-13-14-51-57.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854