11:31:42 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaanuru-ustod---2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaanuri-ustod--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaanuru-ustod---2.jpg'

МАВЛУДИ УСТОД НУРӢ

15-уми март ба рӯзи таваллуди асосгузори Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ  шодравон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 63 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори раҳбарияти ҲНИТ ҳамоише баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар аҳзоби сиёсии кишвар,  намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзида, аз кору пайкори ин фарзанди барӯманди миллат ба некӣ ёд карданд.

 

Суханронҳои ин гирдиҳамоӣ фаъолони ҳизб Эшони Давлатхӯҷаи Панҷӣ, Мирзомуҳаммадии Навид,  Сайид Умар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Саидиброҳими Муҳаммадназар, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, фарзанди устод Нурӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, таҳлилгарони сиёсӣ Рашид Ғанӣ,

 

Абдуллоҳи Раҳнамо, вобастаи фарҳангии сафорати Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Шамсулҳақи Ориёнфар ва дигарон ёддоштҳои хешро дар бораи устод Нурӣ қисса карда, хизматҳои ӯро барои халқу миллати тоҷик, Тоҷикистони азиз ва дини мубини ислом баҳои баланд доданд.

 

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ  дар хотима изҳор дошт, ки ҳизб имрӯз ҳам бо он роҳе равон аст, ки хатти маши онро Худораҳматӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ кашида буд ва аз ин масир ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ нахоҳанд шуд.

 

Маросими бузургдошти зодрӯзи устод Нурӣ дар қароргоҳҳои райёсатҳои вилоятии ин ҳизб дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ ва Қӯрғонтеппа низ баргузор гардид. Ба  муносибати зодрӯзи устод Нурӣ шумораҳои махсуси рӯзномаҳои «Наҷот» ва «Щит» ба табъ расидаанд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1938-2010-03-16-04-40-37.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854