11:31:45 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaazuhurov_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaazuhurov_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaazuhurov_22.jpg'

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ГАРДИД

Имрӯз, дар Душанбе, дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, даъвати чорум, Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи ҲХДТ, раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад, 10 сол муқаддам таъсис шудааст. Дар порлумони нав 43 курсиро Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ҳар яке ду вакилӣ хоҳанд дошт, 12 нафари дигар вакилони ғайриҳизбӣ ҳастанд.

 

Интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми феврал дар Тоҷикистонро нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо номувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд. Нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро кӯҳансолтарин вакили порлумон Амир Қароқулов, раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, оғоз кард. Аввал, феҳрасти вакилон қироат шуд, масоиле, ки имрӯз дар ин ҷаласа бояд матраҳ шаванд, муаррифӣ гардиданд.

 

Шукурҷон Зуҳуров ягона номзад ба раисии Маҷлиси намояндагон буд ва дар овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти раъйҳо раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Коршиносон аз қабл ҳадс мезаданд, ки раиси нави Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоҳад шуд.

 

Шукурҷон Зуҳуров то номзадӣ ба мақоми вакилии порлумон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар буд. Исми ӯ дар ҳавзаи Рашт, аз доғтарин ҳавзаҳои интихоботи гузашта, пирӯз эълон гардид. Рақиби Шукурҷон Зуҳуров дар ин ҳавза Давлат Усмон, аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин ва собиқ вазири иқтисодии кишвар, буд.

 

Шукурҷон Зуҳуров, хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ дар солҳои Шӯравист, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тӯли фаъолияти худ ӯ ҳам дар парлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст.

 

Дар нахустин даври музокироти ҳайатҳои ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии гурӯҳи ҳукуматиро бар ӯҳда дошт. Ӯ аз афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1940-2010-03-16-06-25-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854