11:35:34 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/18_--01-a-aaaaarahberdi226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/18_--01-a-aaaaarahberdi226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/18_--01-a-aaaaarahberdi226bbc.jpg'

ИМЗОИ САНАДҲО МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН

Раиси ҷумҳурии Туркманистон гуфтааст, ки бо вуҷуди интиқодоти зиёд дар расонаҳои хориҷӣ кишвараш дарёчаи (кӯли) маснӯъии Қароқумро хоҳад сохт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки рӯзи панҷшанбеи 18 март пас аз дидор бо Президент Раҳмон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, зарурати ин амрро беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳити зист ва истифодаи муассир аз об хонд. Ба гуфтаи оқои Бердимуҳаммадов, дар даврони Шӯравӣ оби дар киштзорҳо истифодашуда ба биёбон ҷорӣ мешуд ва минтақаҳои бузург ба ботлоқ ва шӯразор мубаддал шуда буданд.

 

Раиси ҷумҳурии Туркманистон таъкид кард, ки ҳамакнун ин кишвар дар чаҳорчӯби Кунвонсиюни СММ дар мавриди муқобала бо биёбоншавӣ аз тариқи бунёди конол ва заҳбур ботлоқҳоро хушк карда ва сатҳи намакро дар киштзорҳо коҳиш медиҳад. Давлати Туркманистон ба ин манзур барои эҳдоси дарёчаи бузурги маснӯъӣ 500 милюн дулор ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз коршиносон аз ин иқдом интиқод карда ва гуфтаанд, ки сохтмони ин дарёчаи маснӯъӣ монеъи расидани манобеъи об ба дарёчаи Орол мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ масоили оби минтақаро матраҳ карда ва истифода аз манобеъ ва захоири табиъӣ, аз ҷумла манобеъи обро ҳаққи қонунии Тоҷикистон талаққӣ кард. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги энержии обӣ аст, аммо дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад.

 

Ҳамзамон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвараш ба ҳангоми эҳдоси нерӯгоҳҳои обӣ манофеъи кишварҳои минтақаро дар назар хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, руасои ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбакистон, рӯзи гузашта дар шаҳри Тошканд зимни судури як баёнияи муштарак хостори таҳқиқоти байналмилалии тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон шудаанд.

 

Ҳамчунин, оқои Назарбоев гуфтааст, ки Қазоқистон ва Ӯзбакистон ба замонати амнияти нерӯгоҳҳои обӣ, ки дар кишварҳои болооби рӯдхонаҳои мавҷуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ сохта мешаванд, ниёз доранд.

 

Дар нишасти хабарии руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавзӯъи нерӯгоҳи "Роғун" матраҳ нашуд. Ин ду кишвар ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои нақлиёт, роҳҳои ҳавоӣ, истихроҷи маъодини нафту гоз, энержӣ, тронзити нерӯи барқ, ҷаҳонгардӣ, фарҳангӣ ва варзиш таъкид карданд.

 

Дар ҷараёни дидори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон миёни ин ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ва як баёнияи муштараки руасои ҷумҳурии Туркманистон ва Тоҷикистон имзо шуд. Ҷонибҳо дар мавриди баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва тадобири мушобеҳи фарҳангӣ дар Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.

 

Дар ҷараёни дидори руасои ҷумҳурии ин ду кишвар вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва муборизаи муштарак алайҳи маводди мухаддиру терурисм матраҳ шуда ва ҷонибҳо хостори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон шудаанд. Ҳачунин, ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Афғонистон аз Туркманистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон роҳи утумубилрав, хутути барқ ва лӯлаҳои гозрасонӣ бунёд хоҳад шуд.

 

Дар поёни музкироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хидматҳояш дар густариши равобити миёни ин ду кишвар нишони дараҷаи аввали “Исмоили Сомонӣ” эъто шуд. Фардо раиси ҷумҳурии Туркманистон барои ширкат дар ҷашни расмии Наврӯз ба ноҳияи Данғара, зодбуми Президент Раҳмон, сафар хоҳад кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1956-2010-03-18-18-45-13.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854