11:36:48 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/20_--01-a-aaaaaprezidenti_222.jpg'

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ Қ. БЕРДИМУҲАММАДОВ

Баъди чошти имрӯз сафари давлатии Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон ба охир расид. Дар фарҷоми сафари Президенти ин мамлакати бо мо дӯст шаш  ҳуҷҷати байниҳукуматии ҳамкорӣ имзо карда шуд.

 

Президенти Туркманистон имрӯз инчунин ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар тантанаҳои бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ширкат  варзид. Вай ҳозиронро ба муносибати иди баҳор табрик намуда, зикр кард, ки мардуми туркман  ҳам Наврӯзро бо тамоми суннатҳояш ҷашн мегирад. Наврӯзи оламафрӯз иди умумии халқҳои Осиёи Марказӣ буда, онҳоро ба ҳамдигар наздиктару қаринтар мегардонад.

 

Нависандагону шоирони тоҷик ва туркман дар асарҳои худ Наврӯзи оламафрӯзро бо тамоми нозукиҳояш васф кардаанд. Шоирони классики тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз ва шоири туркман Махтумқулӣ асарҳои худро ба мавзӯзъҳои Наврӯзу баҳор, дӯстӣ ва инсонпарварӣ бахшидаанд.

 

Халқҳои туркман ва тоҷик имрӯз анъанаҳои неки ниёгони худро давом медиҳанд. Ба ин густариши муносибатҳои ҳамаҷонибаи Туркманистон ва Тоҷикистон равшан шаҳодат медиҳад. Боварии комил дорам, ки вусъати равобити дӯстонаи халқҳои туркман ва тоҷик ҷавобгӯӣ манфиатҳои куллии ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

 

Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1970-2010-03-20-14-15-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854