| УМЕДВОРӢ ВА ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ САФИРИ АМРИКО |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 25.06.2010 17:54 | |||
|
Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Амрико барои ҳалли масъалаи вагонҳои дарбандмондаи нерӯҳои НАТО дар қавламрави Узбакистон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон саргарми музокира мебошад. Сафири Амрико ҳамчунин аз хатари ташдиди низоъи қавмӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Оқои Гросс, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Мо умедворем, ки дар оянда ин борҳо ба Тоҷикистон мерасанд ва тавассути Тоҷикистон бидуни монеъа ба маҳалли таъинот хоҳанд расид».
Тибқи созишномае, ки соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Амрико ба имзо расид, Тоҷикистон тавофуқ намуда, ки маводи ғайри низомии марвиди ниёзи нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистонро тавассути қаламрави худ мунтақил хоҳад кард. Аммо роҳбандии Узбакистон ба ин масъала низ соя афканд ва даҳҳо вагони ҳомили бори НАТО низ дар Узбакистон дучори мушкили убур шудаанд. Кеннет Гросс, сафири ИМА дар мавриди ҳаводиси ахири Қирғизистон низ сӯҳбат карда ва аз хатари авҷ гирифтани низоъи қавмӣ дар минтақаи Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ кардааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2556-2010-06-25-12-58-10.html
|











