| ТӮРАҶОНЗОДА: ЗАБОНАМ БА ТАБРИКИ ИН РӮЗ НАМЕГАРДАД |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 27.06.2010 17:03 | |||
|
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, раҳбари ҳайати ИНОТ дар ҳамаи давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон мегӯяд, имрӯз Ваҳдат дар ҷомеъаи Тоҷикистон таъмин нест ва усули ризояти умумӣ зери по шудааст. Ӯ гуфт, "забон ба табрик гуфтан намегардад ва наметавонам касеро ба Ваҳдат табрик гӯям".
Оқои Тураҷонзода мегӯяд, нерӯҳое вуҷуд доранд, ки ҳама корро мекунанд то ваҳдати воқеъӣ дар ҷомеъа аз байн биравад.
Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки танҳо як нафарро ба рӯзи Ваҳдат табрик гуфтааст ва он ҳам ҳамтои худ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон, Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷӣ ва раҳбари ҳайати музокироти сулҳ аз сӯи давлат аст.
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода мегӯяд, шарти Ваҳдат бо вуҷуди ихтилофи назар ва ақида эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ аст. Амре, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон рӯз аз рӯз камтар мешавад.
САЪДӢ ЮСУФӢ: АДОЛАТИ СУЛҲ РИОЯ НАМЕШАВАД, АММО ОН ШИКАНАНДА НЕСТ
Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари умури иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ расонаҳои давлатӣ ва бархе мақомот дар арзишёбӣ ва баҳогузорӣ ба Сулҳи Тоҷикистон адолатро риоя намекунанд. Ва тамоми дастоварди сулҳу ваҳдаро ба як ҷониби даргир ва сулҳкунанда нисбат медиҳанд.
Дар ҳоле, ки сулҳу ризояту якдигарбахшӣ миёни ду ҷониби даргир, давлат ва мухолифони он сурат гирифта буд, ки бунёди ваҳдатро гузошт. Аз ин ҷост, ки ба гуфтаи ӯ, мухолифони пешин аз чунин баҳогузорӣ ба Сулҳ нороҳатанд ва эътироз доранд.
Оқои Юсуфӣ мегӯяд, аммо бо вуҷуди ин ҳама, сулҳи Тоҷикистон бебозгаш аст ва ҳатто таҳрифу баҳогузории нодурусти он ҳам наметаваонад таҳдиде ба Сулҳ бошад ва онро шикананда кунад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2566-2010-06-27-12-04-52.html
|











